01:20:07 03-уми Июни 2025 сол

АНҶОМИ БОЗРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ ШИРКАТИ “МОВАРОУННАҲР”

Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон бозрасии фаъолияти ширкати сохтмонии “Мовароуннаҳр”-ро анҷом дода ва ба ин натиҷа расида, ки мавориди сирқат дар фаъолияти ин ширкат ҷой надоштааст. Масъулони ин ожонс мегӯянд ин бозрасӣ бар асоси ҳукми Додситонии кулли Тоҷикистон анҷом шудааст.

Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеъи Ҷӯрабек Охунов, раиси ширкати “Мовароуннаҳр”, ки бо натоиҷи бозрасӣ ошно шудааст, ба хабарнигорон гуфта, ки ин ширкат барои бунёди сохтмонҳои мухталиф 135 милюн сомонӣ масраф кардааст, ки 108 милюн аз он сармояи саҳомдорон будааст. Оқои Қудратов гуфтааст, ки 27 милюн сомонии дигар аз ин сармоя пули раиси ширкат будааст.

Ба гуфтаи вай, шумори саҳомдорони ширкат ба 700 нафар расида ва 250 нафар аз онҳо то ҳол соҳиби манозили маскунӣ шудаанд. Ва ба гуфтаи ӯ 450 нафари дигар мунтазири дарёфти манзил ҳастанд. Аз сӯйи дигар, Умед Пӯлодов, раҳбари бозрасони ширкати “Мовароуннаҳр”, иттилоъ дода, ки натиҷаи бозрасии ожонси мубориза бо фасод то ҳол пешкаши Додситонии кулли Тоҷикистон нашудааст.

Ҷӯрабек Охунов, раиси ширкати “Мовароуннаҳр”, аз сӯйи маъмурони додситонии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2010 ба иттиҳоми қаллобӣ боздошт шуда буд ва то ҳол дар боздоштгоҳ ба сар мебарад.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854