08:42:27 14-уми Июни 2025 сол

ОҒОЗИ САФАРИ ШАШРӮЗАИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА АВРУПО

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, сафари 6-рӯзааш ба кишварҳои аврупоиро оғоз намуд. Раисиҷумҳурро дар ин сафар Эркин Раҳматуллоев, мушовири давлатӣ дар умури сиёсати хориҷӣ, Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷӣ, Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молия, Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди Ҳоло Тоҷикистон бо кишварҳои ғарбӣ, аз иқтисод ва афроди дигари баландпоя ҳамроҳӣ доранд.

emomali-rahmon_78633.jpgДафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки Эмомалӣ Раҳмон аз чаҳор кишвари аврупоӣ- Фаронса, Австрия, Маҷористон ва Люксембург дидан мекунад ва ҳамчунин дар Парлумони Аврупо суханронӣ хоҳад кард. Гуфта мешавад, ҳадафи аслии ин сафар ҷалби сармояи кишварҳои хориҷӣ ва ҳамкории давлатҳои ғарбӣ дар барномаҳои муҳими энержии Тоҷикистон низ будааст.

Ҳалқаҳои мухталифи сиёсию иқтисодии Тоҷикистон низ, ки аз ҳоло ба чигунагӣ ва чӣ натиҷа дар пай доштани ин сафар рағбат нишон медиҳанд, мегӯянд, ки ин сафар дар ҳалли баҳсҳои минтақавии марбут ба барномаҳои энергетикии Тоҷикистон, нақши калидӣ хоҳад бозид.

Гузашта аз ин, ин сафар дар ҳоле сурат мегирад, ки чанд рӯзи пеш узви Парлумони Аврупо аз Бритониё, Страун Стивенсон ба Тоҷикистон омада ва аз маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Роғун боздид кард. Вай дар сӯҳбатҳои худ бо мақомоти Тоҷикистон баён дошт, ки Ғарб аз тарҳи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун пуштибонӣ хоҳад кард.

Инчунин, ба назар мерасад, натиҷагирии Бонки Ҷаҳонӣ аз экспертизаи Роғун мусбат хоҳад буд ва эҳтимол ин амр ба сармоягузориҳои аврупоӣ дар Роғун роҳ кушояд. Бино ба иттилои Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ин сафар ҳадафи аслӣ ҷалби сармояи кишварҳои хориҷӣ ва ҳамкории давлатҳои ғарбӣ дар барномаҳои муҳими энержии Тоҷикистон низ будааст.

Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, ки бидуни рушди саноат дар кишваре мисли Афғонистони ҷангзада, намешавад дар роҳи ба даст овардани  эътимоди мардум ҳарф зад. Ҳоло Тоҷикистон бо кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла бо Фаронса дар заминаи ҳамкориҳои ҳарбӣ ва иқтисодӣ ба Афғонистон муносибати нек дорад.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854