ТАЪСИСИ ГУРӮҲИ ЭСТРАДӢ БАХШИДА БА 20-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
Имрӯз, 10 июн дар толори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов гурӯҳи навтаъсиси эстрадӣ, ки ба 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, муаррифӣ гардид.
Дар чорабинии мазкур гурӯҳи устодон ва донишҷӯён, ҳамчунин меҳмонон ва ходимони санъати ҷумҳурӣ иштирок доштанд. Зимни муаррифии ин гурӯҳ зикр гардид, ки гурӯҳи эҷодкорон ду моҳ қабл дар назди кафедраи санъати мусиқӣ таъсис ёфта буд, ки ба он донишҷӯёни бомаҳорат дохил мешаванд.
Барномаҳои консертии пешниҳоднамудаи гурӯҳ аз мусиқии эстрадии тоҷик, омезиш бо сурудҳо ва мусиқиҳои халқӣ, ҳамчунин мусиқии муосири ҷаҳонӣ иборат аст.
Дилшодаи Хайруллоҳ, АМИТ «Ховар»