02:11:08 03-уми Июни 2025 сол

ҚОЗӢ БОЯД ЗАБОНИ ТОҶИКИРО ДОНАД

Танҳо фарде, ки забони тоҷикиро хуб медонад, барои кор дар дар ниҳодҳои додгоҳии Тоҷикистон пазируфта мешавад. Ин нукта рӯзи чоршанбеи 22 июн зимни ислоҳи қонун “Дар бораи судҳои Тоҷикистон” дар иҷлоси порлумони ин кишвар таъкид шуд.

Зимнан, Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷараёни ворид кардани тағйирот ба қавонини ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар дар моҳи гузашта таъкид дошт, тибқи муфоди қонун “Дар бораи забони давлатӣ” ашхосе, ки ба ниҳодҳои додситонӣ, амниятӣ, низомӣ, интизомӣ ва гумруку молиёт истихдом мешаванд, бояд бо забони давлатии Тоҷикистон хуб сӯҳбат кунанд.

Ҳамчунин, дар иҷлоси имрӯзи порлумон қавонини “Мурофиавии ҷиноятӣ” ва “Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ”-и Тоҷикистон ислоҳ шуд, ки бар асоси ин тағйирот ашхоси паҳнкунандаи наворҳои аудиёии мӯҳтавои ифротидошта мавриди пайгарди қонунӣ қарор хоҳанд гирифт. Дар иҷлоси Маҷлиси намояндагон қавонини “Рӯзҳои ид”, “Ҳифзи муҳити зист”, “Иттифоқҳои касаба” ва қавонини “Ҷангал” баррасӣ ва тасвиб гардид.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854