БОЗДОШТИ 40 ТАБАЪАИ ТОҶИКУ ӮЗБАК ДАР ҒАРБИ МАСКАВ
Маъмурони интизомии Русия теъдоди 40 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбакистонро дар ҷангале дар ғарби шаҳри Маскав боздошт кардаанд. Гуфта мешавад ин афрод дар кулбаҳои худсохта дар ҷангал зиндагӣ мекарданд.
Залина Корнилова, намояндаи Идораи федероли муҳоҷирати Русия, ба хабаргузориҳои ин кишвар гуфтааст: "Субҳи рӯзи чаҳоршанбе кормандони ин идора ва пулис 40 табаъаи Тоҷикистону Ӯзбакистонро боздошт карданд, ки дар ҷангал дар наздикии хиёбони Рябинов дар кулбаҳои худсохта зиндагӣ мекарданд."
Ба гуфтаи вай, афроди боздоштшуда ба идораи пулис мунтақил шудаанд, то мушаххас шавад, ки онҳо дар Русия ба таври қонунӣ ба сар мебаранд ё на. Аммо то кунун мушаххас шудааст, ки онҳо ба афроди номаълум ҳар моҳ 1,5 ҳазор рубл мепардохтанд. Кормандони пулис ва Идораи федероли муҳоҷирати Русия дар авохири моҳи май низ 40 муҳоҷири дигари хориҷиро дар корхонаи керамзити Лианозов боздошт карда буданд.
Дар маҷмӯъ, беш аз 100 нафар аз атбоъи хориҷӣ, ки умдатан аз кишварҳои Осиёи Миёна ҳастанд, ахиран дар ғарби шаҳри Маскав боздошт шудаанд, ки тибқи иттилоъи пулис, онҳо ба таври ғайриқонунӣ дар Русия зиндагӣ мекарданд. Садҳо ҳазор нафар аз кишварҳои Осиёи Миёна, ғолибан Тоҷикистону Ӯзбакистон, ба хотири дарёфти кори бодаромад ҳамасола ба Русия сафар мекунанд.
Манобеъи Бонки Ҷаҳонӣ мегӯянд пуле, ки муҳоҷирони корӣ солиёна ба Тоҷикистон мефиристанд, тақрибан баробари ниме аз тавлидоти нохолиси миллии ин кишвар аст.
Би-Би-Си
Шарҳҳо
RSS Обуна