21:10:55 09-уми Июни 2025 сол

ИНТИҚОДИ БРИТАНИЯ АЗ БОЗДОШТИ ФАЪОЛОНИ ҲУҚУҚИ ЗАН ДАР ЭРОН

Вазири умури хориҷии Британия мегӯяд, ин фаъолон бар пояи иттиҳомоти мубҳам дастгир шудаанд. Ба гуфтаи Вилям Ҳейг, заноне, ки мебоист аз дастовардҳо ва муваффақиятҳои онҳо тақдир шавад, акнун дар пушти панҷараҳои зиндон ҳастанд.

viliam-kheyg_4111.jpgБа гузориши пойгоҳи интернетии вазорати умури хориҷии Британия, ҷаноби Вилям Ҳейг гуфтааст: «Дар ҳафтаҳои ахир бисёре аз фаъолони ҳуқуқи зан дар Эрон бар пояи иттиҳомоти  мубҳам боздошт шудаанд. Аз ҷумла Марям Маҷд- аккос, Маҳноз Муҳаммадӣ –филмсоз, Заҳро Яздонӣӯзноманигор, Марям Баҳраман-мудофеи ҳуқуқи занон ва Мансура Беҳкеш, аз фаъолони «модарони азодор.»

Марям Маҷд, аккоси матбуотӣ ҳафтаи гузашта дар остонаи сафар ба Олмон барои аккосӣ аз мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии занон, боздошт шуд. Маҳноз Муҳаммадӣ, мустанадсоз ва фаъоли ҳуқуқи занон низ рӯзи якшанбе дар Теҳрон боздошт шуд. Вай қаблан низ барои муддате боздошт шуда буд.

Бинобар гузориши сомонаҳои фаъолони мудофеи ҳуқуқи башар дар Эрон, Заҳро Яздонӣ низ сешанбеи ҳафтаи гузашта дар Теҳрон боздошт шудааст. Марям Баҳраман низ дар авохири моҳи май боздошт шудааст. Гузоришҳо ҳамчунин ҳокӣ аст, ки Мансура Беҳкешро дар хиёбоне дар Теҳрон боздошт ва ба зиндони Увин мунтақил кардаанд.

Вазири умури хориҷаи Бритония мегӯяд: «Ин занон ба рӯзноманигорон, блогнависон, донишҷӯён ва мудофеони ҳуқуқи башар дар зиндон пайвастаанд. Ҳатто дар бархе маворид вакилоне, ки ба дунболи дифоъ аз онҳо буданд».

Вилям Ҳейг ҳамчунин мегӯяд: «Идомаи талоши мақомоти Эрон барои хомӯш кардани садоҳои мухолиф ва бетаваҷҷуҳӣ ба ҳуқуқи бунёдии афрод, бисёр нигаронкунанда аст.»

Вазири умури хориҷии Бритония изофа кардаст: "Заноне, ки мебоист аз дастовардҳо, муваффақиятҳо ва огоҳии онҳо тақдир шавад, акнун дар пушти панҷараҳои зиндон ҳастанд."

Вилям Ҳейг боздошти ин фаъолонро дар таноқуз бо иддаои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳимоят аз ислоҳот дар дигар кишварҳои Ховари Миёна донист.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854