ИМА РӮ БА КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ МЕОРАД?
Низомиҳои Амрико истифода аз роҳҳои Осиёи Марказӣ барои таъмини нерӯҳои худ дар Афғонистонро густариш медиҳанд, чунки метарсанданд, ки бад шудани равобити Вошингтон бо Исломобод метавонад истифодаи масири Покистонро ба ин манзур дучори таҳдид кунад.
Нашрияи амрикоии "The Washington Post" навишт, ки дар соли 2009 Амрико 90 дарсади экмолоти низомиашро аз роҳи бандари Карочии Покистон анҷом медод ва ин борҳои низомӣ баъдан тавассути ағбаҳо ба Афғонистон расонида мешуданд. Аммо феълан қариб 40 дарсади таъминоти нерӯҳо дар Афғонистон аз роҳи шимол, тавассути роҳҳои оҳан ва мошингарди Осиёи Марказӣ амалӣ мешавад.
Нашрия дар ин гузориш бидуни бурдани ном ба мақомоти Пентагон истинод кардааст. Амрико, бино ба хабарҳо, ба манзури истифодаи бештар аз роҳҳои Осиёи Марказӣ барои таъмини бештари нерӯҳояш дар Афғонистон бо Узбакистону Қазоқистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ вориди музокирот шудааст. Дар ҳоли ҳозир тақрибан 150 ҳазор сарбози хориҷӣ, бо шумули ҳудуди 99 ҳазор сарбози амрикоӣ, дар Афғонистон алайҳи чирикиҳо меҷанганд.
«Озодӣ»