ДАРХОСТ БАРОИ ЭҶОДИ ПУЛИ ҲАВОӢ МИЁНИ ДУШАНБЕ ВА КАШМИР
Сафорати Тоҷикистон дар Ҳинд хостори парвозҳои мустақим миёни Душанбе ва Сринагар, пойтахти Кашмири Ҳинд шудааст. Саидбек Саидов, сафири Тоҷикистон дар Ҳинд рӯзи шанбеи 2 июл, ба хабаргузории “Пресс-Бюро”-и Ҳинд дар ин замина ибрози назар кардааст.
Оқои Саидов гуфтааст: “Барои мардуми Тоҷикистону Кашмир Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки дар миёни кашмириҳо бештар ба унвони "Шоҳи Ҳамадон" машҳур аст, мӯътабар аст. Боз шудани масири парвоз роҳро барои зойирони кашмирӣ барои зиёрати мақбараи Шоҳи Ҳамадон, дар шаҳри Кӯлоб, дар ҷануби Тоҷикистон боз хоҳад кард.”
Гуфта мешавад, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар Кашмир хеле машҳур ва мӯътабар аст, зеро вай нафарест, ки дар қарни 14 милодӣ исломро ба ин минтақа овард. Ба ин хотир зойирони зиёде аз Кашмир ба Тоҷикистон барои зиёрати мақбараи вай меоянд. Бар асоси манобеъи таърихӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, мутафаккир ва суфии тариқати кубравӣ, дар замони ҳукронии Темурланг ҳамроҳ бо 700 пайрави худ ба Кашмир сафар карда ва дар густариши ислом ва дар рушди иҷтимоъӣ дар Кашмир нақши умдае доштааст.
Тибқи ин манобеъ, 700 пайрави Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки ҳама ҳунарманд будаанд, пешаҳои мухталифе, аз ҷумла шолбофӣ, қолибофӣ ва либосдӯзии махсусро дар ин минтақа муъаррифӣ кардаанд, ки то кунун дар ҷаҳон шӯҳрат дорад. Зимнан, ба навиштаи “Пресс-Бюро”-и Ҳинд Саидбек Саидов, сафири Тоҷикистон дар Ҳинд аз авлоди Саид Алии Ҳамадонӣ будааст.
Оқои Саидов гуфтааст, дар моҳи феврали соли ҷорӣ парвозҳои мустақим миёни шаҳрҳои Душанбе ва Деҳлӣ шуда ва дар садад аст, дар ояндаи наздик бо нахуствазири иёлоти Ҷамму ва Кашмири Ҳинд мавзӯъи боз шудани масири ҷадиди парвоз миёни Душанбе ва Сринагарро матраҳ кунад. Пратибҳа Патил, раиси ҷумҳури Ҳинд низ, зимни дидораш аз мақбараи Ҳамадонӣ дар моҳи сентябри соли гузашта гуфта буд, ки кишвараш ба эҷоди масири ҳавоӣ байни иёлати Ҷамму ва Кашмири Ҳинд ва Тоҷикистон алоқаманд аст.
Тибқи иттилоъи манобеъи расмии Ҳинд, ҳудуди 74 дарсади ҷамъияти чаҳормилюннафарии Кашмир мусалмон буда ва мардуми зиёде дар ин иёлат алоқаманданд ба Тоҷикистон барои зиёрати мақбараи Мир Алии Ҳамадонӣ сафар кунанд. Ба гуфтаи коршиносони бахши ҳавонавардӣ парвози ҳавопаймо дар ин масир як соъат идома хоҳад дошт.
Би-Би-Си