21:12:07 29-уми Майи 2025 сол

ДАРГИРИИ САНГИН ДАР НУРИСТОН 70 КУШТА БАР ҶОЙ ГУЗОШТ

Мақомҳои афғон мегӯянд, дар натиҷаи як даргирии сангин дар вилояти Нуристон, дар шарқи Афғонистон, беш аз сӣ нафар аз маъмурони пулис кушта шудаанд. Ҷамолиддини Бадр, волии Нуристон, ба Би-би-сӣ гуфт, ки ҳафт сарбози дигар дар ин даргириҳо захмӣ шуда ва илова бар ин дастикам чиҳил нафар аз шӯришиёни мусаллаҳ низ ҷони худро аз даст додаанд.

nuristan_3854658.jpg

Ин яке аз сангинтарин даргириҳо дар шарқи Афғонистон зарфи моҳҳои ахир будааст. Оқои Бадр гуфт, ки шуморе аз хонаҳои маскунӣ дар маҳал низ тахриб шуда, аммо аз талафоти эҳтимолии ғайринизомиён гузорише мунташир нашудааст. Ин даргириҳо рӯзи гузашта замоне оғоз шуд, ки ба гуфтаи мақомҳои афғон, гурӯҳе аз шӯришиёни мусаллаҳ ба посгоҳҳои пулис дар вулусволии Комдиши вилояти Нуристон ҳамла карданд.

Вазорати дифоъи Афғонистон мегӯяд нерӯҳои артиш барои кумак ба пулис ба маҳал эъзом шудаанд. Ҳамзамон порлумони Афғонистон низ гуфтааст, ки барои баррасии авзоъ дар Комдиш ҳайъатеро ба ин вулусволӣ мефиристад. Бархе гузоришҳо ҳокист, ки афроди муҳоҷим аз манотиқи марзии Покистон ба Комдиш ҳамла кардаанд.

Вулусволии Комдиш, аз манотиқи марзии Нуристон аст ва дар гузашта шоҳиди даргириҳои маргборе миёни нерӯҳои афғон ва муҳоҷимони мусаллаҳ будааст. Ин вулусволӣ чандин бор миёни Толибон ва нерӯҳои давлатӣ даст ба даст шудааст. Гузоришҳо ҳокӣ аст, ки ҳамакнун давлати Афғонистон дастикам бар ду вулусволии Нуристон кунтрули комил надорад.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854