21:26:12 29-уми Майи 2025 сол

АМРИКО ДАР ТОҶИКИСТОН МАЙДОНИ ТИРАНДОЗӢ МЕСОЗАД

Дар минтақаи Қаратоғ сохтмони Маркази байналмилалии таълимӣ барои Горди миллии Тоҷикистон шурӯъ гардид. Ҳазинаи умумии ин тарҳ 10 милюн дулор буда ва он аз ҷониби давлати Амрико пардохт шудааст.

rahmanali_85455.jpgЖенерол Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Горди миллии Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 7 июл, дар маросими оғози бунёди ин марказ гуфт, ки дар ин тамрингоҳ на танҳо кормандони ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон, балки нерӯҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон низ метавонанд, тамрин кунанд.

Ба гуфтаи женерол Раҳмоналӣ, дар Маркази байналмилалии таълимӣ майдонҳо барои тирандозӣ аз мусалсал, таппонча ва гашти зиреҳпӯшу тонкҳо омода хоҳанд шуд, ки майдони умумии онҳо 200 ҳектур буда ва имкон дорад дар онҳо дар як 300 тан аз сарбозону афсарон тамрин кунанд. Ҳамчунин, дар назар аст, дар ин марказ як бинои чорошёна барои буду боши низомиён, ошхона ва маркази беҳдоштӣ эҳдос шавад.

Ба гуфтаи Кеннет Гросс, сафири Амрико дар Тоҷикистон, кишвараш ба Маркази байналмилалии таълимӣ таҷҳизоти мудерни фаннӣ ирсол карда ва афсарони Амрикоӣ барои низомиёни тоҷик давраҳои омӯзишӣ баргузор хоҳанд кард.

Оқои Гросс гуфт, дар чаҳорчӯби тарҳҳои Барномаи мубориза бо маводди мухаддир Фармондеҳии Марказии Амрико (CENTCOM), Дафтари назорати содироту амнияти марзҳо ва Дафтари назорат бар маводди мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорати Амрико дар Тоҷикистон ба ниҳодҳои низомӣ, марзбонӣ,Ожонси назорат бар маводди мухаддир ва кумитаи гумруки Тоҷикистон кумакҳои фаннӣ ироъа шудааст.

Зимнан, дар ҳафтаи гузашта дар ноҳияи Шӯрообод, воқеъ дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон як бинои дуошёна барои марзбонон ва дидбонгоҳи марзии ҷадид дар мавзеъи Яхчипуни ин ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бунёди ин бино ва дидбонгоҳ бо сармояи 1 милюну 600 ҳазор дулори давлати Амрико анҷом шудааст.

Женерол Сафаралӣ Назиров, муъовини фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, гуфт, ки то кунун сафорати Амрико барои бозсозии дидбонгоҳҳои марзӣ ба миқдори 5 милюн дулор масраф кардааст. Вилям Браунфилд, муъовини вазири хориҷаи Амрико дар умури мубориза бо маводди мухаддир ва ҷароим, ки дар ҷараёни ифтитоҳи ин сохтмон ширкат дошт, кумаки молӣ ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро навъи муборизаи Амрико бо қочоқи маводди мухаддир арзёбӣ кард.

Оқои Браунфилд иброз дошт, агар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон таҳким шавад, ҳам Тоҷикистон, ҳам Урупо ва ҳам Амрико аз хатари қочоқи маводди мухаддир эмин хоҳанд буд. Тибқи иттилоъи манобеъи Сафорати Амрико дар Тоҷикистон танҳо дар соли ҷорӣ кумакҳои молии Амрико ба марзбонони тоҷик ду милюн дулорро ташкил додааст. Дар чаҳор соли ахир кумакҳои Амрико ба марзбонони тоҷик 16 милюн дулор будааст.

Дар ҳоле ки ҳамкориҳои Амрико бо Тоҷикистон дар бахши низомӣ дар ҳоли густариш арзёбӣ мешавад, аммо ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни ин ду кишвар дар сатҳи поин қарор доштааст. Кеннет Гросс, сафири Амрико дар Тоҷикистон гуфт, интизор меравад дар ояндаи наздик Амрико бо Тоҷикистон дар мавзӯъи рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ музокира кунад.

Ҳамзамон, оқои Гросс далели ночиз будани мизони сармояи Амрико ба иқтисоди Тоҷикистонро ба фазои сармоягузорӣ дар ин кишвар марбут хонд ва гуфт, сармоягузорони Амрикоӣ ба амнияти сармояи худ дар Тоҷикистон ва ба даст овардани фоида ё оидот дар ин замина чандон мутмаъйин нестанд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854