ҚАТЛИ ДУХТАРИ ДОНИШҶӮ "ДАР БАРОБАРИ ДИДАГОНИ МАРДУМ ДАР ТЕҲРОН"
Дориюш Қанбарӣ, намояндаи маҷлиси Эрон, дар мусоҳиба бо хабаргузории ИЛНО, зимни ишора ба қатли як духтари донишҷӯ, ки бо заработи ҷоқу "дар баробари дидагони мардуми Теҳрон" аз пой даромад, гуфтааст, ки ин воқеъа "дар идомаи ҷиноёти дигаре ҳамчун таҷовузи дастаҷамъӣ ба занон, аъзои маҷлисро нисбат ба афзоиши ноамниҳои иҷтимоъӣ ва сиёсии ҳассос кардааст."
Дар гузориши хабаргузории ИЛНО дар рӯзи ҷумъа, 8 июл, омадааст, ки рӯзи панҷшанбе Маҳсо, донишҷӯйи риштаи адабиёти донишгоҳи Аллома Таботабоӣ ҳангоми убур аз рӯйи пули обири пиёда дар наздики пули "Мудирият"-и Теҳрон, мавриди ҳамлаи як донишҷӯписар ба номи Кӯшо қарор гирифт, ки дар хостгорӣ аз ӯ ноком монда буд.
Бар асоси ин гузориш, ба ин донишҷӯйи духтар, ки беш аз чиҳил зарбаи чоқу зада шуд, ба бемористон интиқол ёфт, аммо даргузашт ва зориб низ, ки дар садади фирор аз маҳал баромада буд, тавассути раҳгузарон дастгир шуд.
Оқои Қанбарӣ "нигоҳи ҷинсиятӣ нисбат ба ҷомеъа"-ро боъиси заминаи таҳдид алайҳи занон дониста ва гуфтааст, ки намояндагони маҷлис дар қолаби тарҳи суол ва ҳатто истизоҳи вазири кишвар, нисбат ба ин падида вокуниш нишон хоҳанд дод.
Ба гузориши ИЛНО, нигаҳбони пул гуфтааст: "Мо бо пулис тамос гирифтем, аммо маъмурони пулис хеле дер расиданд, маъмурони ёрии таъҷилӣ ҳам нарасиданд ва маҷбур шудем бо "Вонет" ӯро ба бемористон бирасонем."
Би-Би-Си