06:26:17 03-уми Июни 2025 сол

ИТТИҲОМИ СЕ ХАБАРНИГОР БАРОИ ҶОСУСИ БА НАФЪИ РУСИЯ

Рӯзи шанбе Вазорати умури дохилии Гурҷистон се хабарнигори аксбардорро дар ҷосусӣ ба манфиати Русия айбдор кард. Дар изҳороти рӯзи шанбеи вазорати дохилаи Гурҷистон гуфта мешавад, ки аксбардори оҷонсии European Pressphoto Зураб Куртсикидзе аксҳои ду ҳамкори дигараш бардоштаро ба хадамоти ҷосусии вазорати дифои Русия ирсол мекард.

joornalists--545545.jpgКуртсикидзе ҳамроҳ бо се ҳамтои дигараш-Иракли Геденидзе аксбардори хусусии президент Михаил Саакашвилӣ ва ҳамсари аксбардораш Натиа Геденидзе, инчунин  аксбардори қарордодии вазорати умури хориҷаи Гурҷистон ва оҷонсии Ассошейтед Пресс Георгий Абаладзе дар боздошт ба сар мебурданд. Рӯзи шанбе Натиа Геденидзе аз боздошт раҳо шуд.

Дар изҳороти полис гуфта мешавад, ки ҷустуҷӯи манзили хабарнигорон нишон дод, ки онҳо нақшаи сохтмони президентӣ, иттило роҷеъ ба ҷаласаҳои президент ва ҳамчунин сафарҳои кории ӯро дар ихтиёр доштаанд. Ин мавзӯъро дар Тифлис хабарнигори радиои Озодӣ Давид Чаганава пайгирӣ кардааст. Аз ӯ хостам, тафсилоти ҳодисаеро, ки дар равобити Гурҷистону Русия бетаъсир нахоҳад монд, шарҳ бидиҳад:

Чаганава: Имрӯз додгоҳ паси дарҳои баста баргузор шуд. Ба онҳо айбномаи пешакӣ эълон ва хабари дар боздоштгоҳ монданашон то ду моҳи дигар, яъне то муддати анҷоми таҳқиқоти парвандаашон хабар дода шуд. Онҳо ҳамеша, ҳатто дар ҷараёни додгоҳ дар шароити баста ба сар бурда, якдигарро дида наметавонанд. Ғайр аз ин, вакилони дифоъ ҳам ба назди онҳо ворид шуда наметавонанд, чунки онҳо хаттӣ изҳор карданд, ки аз хизмати вакил даст мекашанд. Ба онҳо як созмони ҳуқуқшиносони ҷавон хизмати худро пешниҳод кардааст. Ҳарсеи онҳо дар як вақт  дар ҷосусӣ муттаҳам шуданд.

-Қазияи мазкур хеле норӯшан аст, бо назардошти он чӣ, ки шумо мегӯед, эҳсос мешавад, ки ҳуқуқи хабарнигорони боздоштшуда пурра риоя намешавад. Дар ин замина ва дар робита бо он чӣ, ки дар паси саҳна мегузарад, чӣ гуфта метавонед?

-Ман чунин дарк мекунам, ки бо назардошти қонунҳои Гурҷистон, дар риояи муқаррароти проcессуалии боздошт ва иттиҳоми аксбардорон иштибоҳҳо ё кӯтаҳиҳо хеле ночизанд. Масалан, аз рӯи қонун онҳо бояд дар давоми 48 соат озод ва ё ба онҳо айбнома пешниҳод мешуд, ки ҳамин тавр ҳам шуд. Масъалаи дигар ин, ки дар ин қазия воқеан ҳам баъзе факту ҳодисаҳо бо ҳам ихтилоф доранд.

Масалан, имрӯз тавассути телевизион намояндагони вазорати умури дохила ба мо чанд санадро нишон дода гуфтанд, ки ҳамкории ин хабарнигорон бо хадамоти махсуси Русия собит шуд. Вале вақте сабти сӯҳбати телефонии аксбардоронро намоиш доданд, дар он сухан дар бораи интиқоли пул аз Франкфурти Олмон мерафт. Дар шаҳри Франкфурт дафтари аслии оҷонсии European Pressphoto қарор дорад. Дар ин сӯҳбат хоҳиш мешуд, ки ҳисобҳои бонкии дигар аксбардоронро бидиҳад, то, ки пули хизмати онҳо интиқол дода шавад. Вале дар шарҳи вазорати умури дохила ин сӯҳбат каме дигаргуна ташреҳ шуд, ки гӯё ин пули хизмати ҷосусҳо бошад.

-Муттаҳами аслӣ аз рӯи ин қазия кист?

-Ба мо сабти видеоиро нишон доданд, ки дар он аксбардори президент Иракли Геденидзе дар гуноҳҳояш  иқрор мешавад. Ҳоло ӯ муттаҳами аслӣ аст, ки аммо аз хизмати вакил ба таври хаттӣ даст кашид. Ҳамсари ӯ Натияро мегӯянд, ки шаби гузашта озод карданд ва ӯ дар хонааш шабро рӯз кард. Дар сабти толори додгоҳ дида мешуд, ки ӯ дар мурофиа ҳозир нашуд ва ба ҷуз се аксбардор,  вакилон ва намояндагони додситонӣ дигар нафар дар ин додгоҳ ҳузур надошт.

Хиромон Бақозода, «Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854