ЗИНДОНИЁН ДАР ҚАЗОҚИСТОН ҲУДУДИ 30 НАФАРРО БА ГАРВГОН ГИРИФТАНД
Гурӯҳе аз зиндониёни зиндони Балхаш, шаҳраке дар Қазоқистон ба зиндонбонҳо ҳамла кардаанд. Дар ин ҳодиса як низомӣ кушта ва ду нафари дигар захмӣ шудаанд. Тибқи иттилоъи муқаддамотӣ зиндониён тақрибан 30 нафарро ба гаравгон гирифтаанд.
Ба гуфтаи вазорати адлияи Қизоқистон онҳо мехостаанд, аз зиндон фарор кунанд, аммо натавонистаанд. Дар баёнияи ин вазорат омадааст, ки аз фарори гурӯҳии зиндониён нерӯҳои низомии вазорати кишвар ҷилавгирӣ кардаанд.
Баёнияи вазорат афзудааст, ки масъулони кумитаи умури ҷиноӣ ва иҷроия ва намонядагони интизомии Қазоқистон ба маҳалли ҳодиса ҳозир шудаанд. Ин дар ҳолест, ки ин изҳорот шарҳ надодааст, ки чи гуна аслиҳа ба дасти зиндониён уфтодааст.
Би-Би-Си