АФЗОИШИ МАХОРИҶИ САФАРИ ҲАҶ ДАР ТОҶИКИСТОН
Дар соли ҷорӣ арзиши маросими ҳаҷ барои мусалмонони Тоҷикистон ҳудуди 250 дулори амрикоӣ афзоиш ётааст. Масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон далели ин амрро - афзоиши қобили мулоҳизаи баҳои маводди сӯхт дар ин кишвар марбут хондаанд.
Ҳамакнун, ҳар зойири тоҷик барои сафар ба Макка ва адои маросими ҳаҷ бояд 3441 дулори омрикоӣ пардохт кунад. Зимнан, бар асоси тавофуқе, ки миёни Кумитаи дини Тоҷикистон ва Вазорати ҳаҷҷи Арабистони Саъудӣ ба даст омадааст, дар назар аст, дар соли ҷорӣ 5500 нафар тоҷикистонӣ дар маросими ҳаҷ ширкат кунанд. Ин рақам дар муқоиса ба теъдоди зойирон дар соли гузашта 300 нафар бештар будааст.
Би-Би-Си