06:21:50 03-уми Июни 2025 сол

ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ ГАРОНТАРИН МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

Донишгоҳи миллӣ дар миёни муассисоти таҳсилоти олии Тоҷикистон гаронтарин маҳсуб мешавад. Ин нукта рӯзи душанбеи 11 июл, дар нишасти хабарии масъулони Вазорати маъорифи Тоҷикистон таъкид шуд.

Ба гуфтаи Фарҳод Раҳимов, муъовини аввали вазири маъорифи Тоҷикистон, ҳаққи солонаи таҳсил дар бахшҳои ҳуқуқ ва иқтисоди ин донишгоҳ барои як донишҷӯ аз 1800 то 2000 дулори омрикоӣ таъйин шудааст. Ҳамзамон, оқои Раҳимов гуфт, ки ҳаққи пардохти таҳсил дар Тоҷикистон дар муқоиса ба кишварҳои хориҷӣ ба маротиб камтар аст.

Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, ҳаққи солонаи таҳсил дар Русия ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Муштаракулманофеъ беш аз 5 ҳазор дулор ва дар кишварҳои Урупо ва Омрико болиғ ба 25 ҳазор дулорро ташкил медиҳад.

Зимнан, дар ҳоле барои Тоҷикистон ба беш аз 400 ришта мутахассис ниёз дорад, аммо дар муассисоти таҳсилоти олии Тоҷикистон 265 навъи тахассус тадрис мешавад. Аз ин лиҳоз, давлати Тоҷикистон ба ҳисоби маболиғи буҷет теъдоди зиёди ҷавононро барои таҳсил ба донишгоҳҳои мӯътабири хориҷӣ мефиристад.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854