ТАХМИНА НИЁЗОВА "ВИТЕБСК-2011"-РО ТАСХИР МЕКУНАД
8 июли соли 2011 дар Ҷумҳурии Беларус ХХ-умин ҷашнвораи байналхалқии санъат таҳти унвони «Бозори славянӣ дар Витебск» оғоз гардид. Тавре ба хабарнигори мо аз сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар доданд, дар ҷашнвораи мазкур миёни 20 нафар сарояндагони ҷавони сурудҳои эстрадӣ аз 20 давлати ҷаҳон бори аввал намояндаи ҶТ- ҳунарманди тоҷик Таҳмина Ниёзова ширкат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки Таҳмина Ниёзова-овозхони ҷавони сурудҳои эстрадӣ набераи Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, сарояндаи сурудҳои классикии «Шашмақом» Боймуҳаммад Ниёзов буда, соли 2008 соҳиби «Шоҳҷоиза»-и озмуни байналхалқии мусиқӣ дар кишварҳои ИДМ ва Балтия-«Панҷ ситора-Интервидение» дар шаҳри Сочии Русия ва дорандаи ҷоиза дар номгӯи «Иштирокчии ҷавон» гардидааст.
Тибқи иттилои Агентии давлатии иттилоотии Беларус «Белта» дар доираи ҷашнвора зиёда аз 70 чорабинӣ, аз ҷумла расми ифтитоҳ ва хатми барномаҳои консертӣ, устодони санъати Беларус, Русия, Украина ва дигар давлатҳои ИДМ, озмуни байналхалқии ҳунармандони сурудҳои эстрадии «Витебск-2011», озмуни байналхалқии истеъдодҳои наврас ва яккахонии ситораҳои эстрада доир мегардад.
Ҳалима Хушқадамова, АМИТ "Ховар"