06:25:06 03-уми Июни 2025 сол

«ШОМИ ИСТИҚЛОЛ» ДАР НОҲИЯИ ВАХШ

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш аз моҳи майи соли равон сар карда, ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа дар майдони марказии ноҳия бахшида ба истиқболи 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои фарҳангӣ ва оммавӣ бо номи «Шоми Истиқлол» баргузор мегарданд.

/images/stories/2011/07/11_vakhsh-khatlon_545545.jpgДар чорабиниҳои мазкур муассисаву ташкилот, корхонаву идораҳои қаламрави ноҳия аз пешравиҳою дигаргуниҳои дар ҷумҳурӣ баамаломада ба мардум иттилоъ дода, маҳсулот ва дастовардҳои худро пешкаши сокинони ноҳия мегардонанд. Кормандони шӯъбаи фарҳанги ноҳия низ дар чорабиниҳои «Шоми Истиқлол» дар баробари дигар ташкилоту муассисаҳо бо барномаҳои фарҳангии худ табъи ҳозиринро болида медоранд.

Ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо дар дили сокинони ноҳия ҷо намудани ҳиссу ифтихори миллӣ, меҳру муҳаббат ба халқу Ватан, инчунин баланд бардоштани завқи бадеии мардум ва дарёфти ҷавонони соҳибистеъдоди ноҳия мебошад.

Раҷабалии Худоёр, «Рӯзгор», Қӯрғонтеппа

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854