ИНФИҶОРИ ХАРОБИОВАР ДАР МАРКАЗИ ОСЛО
Инфиҷор дар паҳлуи дафтари сарвазири Норвегия ҷони ду нафарро рабуд ва чандин танро захмӣ кард. Дар натиҷаи таркиш дар маркази Осло, пойтахти Норвегия, ду нафар кушта ва чандин бинои маъмурӣ, аз ҷумла дафтари сарвазир Йенс Столтенберг тахриб шудаанд.
Полис мегӯяд, инфиҷори шадид маҷбур кард, ки даҳҳо нафар аз биноҳои ҳукуматии атроф ба ҷои амн кӯчонда шаванд. Радио Норвегия иттилоъ дод, ки дар таркиш як нафар кушта ва чандин тани дигар захмӣ шудаанд. Вазири кишвари Норвегия Ҳанс Кристиан Амундсен ба хабарнигорон гуфт: “Метавонам тасдиқ кунам, ки сарвазир эмин аст. Вай дар дафтар набуд ва ҳоло машғул аст.”
Бино бар иттилои хабаргузории Ройтерз, чандин нафар аз ин таркиш захмӣ шудаанд. Он ба нақл аз шоҳидони айнӣ менависад, тирезаи даҳҳо бинои ҳукуматӣ, ба шумули дафтари сарвазир фурӯ пошидаанд. Дар ҳоле ки нахуст гуфта мешуд, сабаби инфиҷор номаълум аст, дертар полис гуфт, ин таркиши як бомба будааст.
Ин ҳам дар ҳоле даргириҳои сиёсӣ ё ҳамлаҳои террористӣ дар Норвегия дида нашудаанд. Аммо ҳамчун узви Паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО) Норвегия барои ширкаташ дар низоъҳои Афғонистон ва Либия борҳо ҳадафи таҳдид қарор гирифта буд.
«Озодӣ»