ФАРМОНДЕҲИ МУХОЛИФОНИ ҚАЗЗОФӢ КУШТА ШУД
Мухолифони мусаллаҳи раҳбари Либӣ эълом кардаанд, ки Абдулфаттоҳ Юнус, фармондеҳи низомии аршади онҳо кушта шудааст. Мустафо Абдулҷалил, раиси Шӯрои интиқолии миллии Либӣ, ин хабарро панҷшанбе дар як кунфронси хабарӣ дар шаҳри Бенғозӣ, маркази мухолифон, эълом кард.
Хабаргузории "Руйтерз" гузориш медиҳад, ки дар пайи эъломи хабари кушта шудани женерол Юнус, иддае беруни ҳутеле, ки кунфронси хабарӣ дар он баргузор шуда буд, иқдом ба тирандозӣ карданд, ки ба касе нарасид. Абдулфаттоҳ Юнус ҳадди ақал 47 сол дар ҳукумати Муъаммар Қаззофӣ ҳузур дошт ва пеш аз он, ки ба мухолифон мулҳақ шавад, вазири кишвари Либӣ буд.
Вай бо авҷгирии эътирозот дар Бенғозӣ , воқеъ дар шарқи Либӣ, ҳамроҳи як воҳиди вижаи низомӣ ба ин шаҳр фиристода шуд, то мӯътаризонро саркӯб кунад, аммо ба ҷойи ин кор ба мухолифон пайваст. Бо ин вуҷуд гуфта мешавад, ки бархе аз мухолифон ба ин дастёри собиқи сарҳанг Қаззофӣ эътимод надоштанд.
Ҳанӯз рӯшан нест, ки вай дақиқан чи маҳалле, чи гуна ва ба дасти чи касе кушта шудааст. Нозирон ҳушдор оддаанд, ки кушта шудани Абдулфаттоҳ Юнус метавонад ихтилофоти дохилии байни мухолифонро ташдид кунад.
Женерол Юнус рӯзи 25 феврал дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо Би-би-сӣ гуфта буд, ки сарҳанг Қаззофӣ ё худкушӣ хоҳад кард ё то марг ба муқовимат идома хоҳад дод. Ӯ ҳамчунин аз раҳбари Либӣ хост, ки ба саркӯби мӯътаризон поён диҳад.
Би-Би-Си