04:44:24 02-уми Июли 2025 сол

МУЛОҚОТИ Ҳ.ЗАРИФӢ БО МУОВИНИ ДАБИРИ КУЛЛИ СММ, МУДИРИ БАРНОМАИ РУШДИ СММ

26 сентябри соли 2011 дар Ню-Йорк мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо муовини Дабири кулли СММ, Мудири Барномаи рушди СММ Ҳелен Кларк баргузор гардид.

/images/stories/2011/09/27_zarifi_undp_un_2011.jpgДар оғоз, маросими супоридани Ордени Дӯстӣ ба муовини Дабири кулли СММ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳелен Кларк барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои созанда ва ҳамкориҳои гуногунҷанбҳаи Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилотҳои дигари байналмилалӣ ва минтақавӣ, мусоидати ҳамаҷониба ба раванди рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин орден сарфароз гардид.

Дар мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ бо Хелен Кларк дурнамо ва раванди татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ва лоиҳаҳои фаромарзӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

http://www.mfa.tj/

Назари Шумо

Security code
навсозӣ