ОҒОЗИ КОРЗОРИ ТИРАМОҲИИ БАСИҶИ ҶАВОНОН БА АРТИШИ ТОҶИКИСТОН
Аз оғози моҳи октябр корзори тирамоҳии басиҷи ҷавонон ба артиши Тоҷикистон шурӯъ шудаааст. Ба ин тартиб, қарор аст ҳазорҳо нафар аз ҷавонони 18 то 27-сола, ки ҳаққи сар тофтан аз хидмати низомиро надоранд, ба саффи нерӯҳои мусаллаҳ бипайванданд.
Вазорати дифоъи Тоҷикистон мегӯяд, ки ҷавонони синни хидмати низомӣ дар кишвар беш аз 600 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, вале ҳудуди 150 ҳазор нафар аз онон ба далоили мухталиф шоистаи хидмати низомӣ нестанд. Ҳамчунин, ҳудуди 100 ҳазор нафар аз ҷавонони шоистаи хидмат барои дарёфти кор ба кишварҳои хориҷӣ сафар кардаанд. Дар натиҷа, ҳамасола ҳамагӣ ҳудуди 16 ҳазор нафар ба хидмати низомӣ мераванд.
Барои ҷалби ҷавонон ба артиш имсол кумисиюни вижае таҳти раҳбарии Руқия Қурбонова, муъовини нахуствазир, ва сарҳанг Хушвақт Мироваров, масъули умури тадорукоти низомӣ дар Вазорати дифоъи Тоҷикистон, таъсис шудааст.
Аммо бисёре аз мудофеъони ҳуқуқи башар аз эҳтимоли боздошт ва эъзоми иҷбории ҷавонон ба артиш, ки аз он "облава" (гирудор) ном бурда мешавад, ибрози нигаронӣ мекунанд. Дар гузашта аз мавориди зиёди чунин гирудорҳо гузориш шудааст.
Ин дар ҳолест, ки созмони ғайридавлатии "Ампаро" тарҳҳоеро дар заминаи роҳандозии "хидмати олтернотиви низомӣ" анҷом дода ва мақомотро ба эҷоди ин гуна шароит ташвиқ кардааст.
Би-Би-Си