БАРРАСИИ МУШКИЛОТИ ВУКАЛОИ МУДОФЕЪ ДАР СУҒД
Дар шаҳри Хуҷанд маркази вилояти Суғд, ҳамоише бо номи “Имкони дидори вакилони мудофеъ бо муваккилони боздоштшудаи худ” доир шуд.
Созмони ғайридавлатии мавсум ба “Макази ҳуқуқи инсон” мубтакирони баргузории ин мизи гирд буда ва дар меҳвари гуфтугӯйи ин нишаст, мушкилоти вукалои мудофеъ ба ҳангоми дифоъ аз ҳуқуқи муваккилонашон ба ҳангоми боздошти онҳо будааст, ки гуфта мешавад аксаран бо шиканҷа ва бадрафторӣ рӯбарӯ мешаванд.
Ин мизи гирд рӯзи ҷумаъи 7 октябр доир шуд ва дар он намояндагони додситонӣ, додгоҳҳо, вакилони мудофеъ ва намояндагони созмонҳои мухталифи дифоъ аз ҳуқуқи башар дар вилояти Суғд суханронӣ карданд. Аз ҷумла Татяна Хатюхина, раҳбари созмони “Маркази ҳуқуқи инсон” дар шаҳри Хуҷанд гуфт, ки ин ҳамоиш дар чорчӯби барномаи “Мубориза алайҳи шиканҷа” баргузор шуда ва ҳадаф аз ин нишаст, муаъйян ва мушаххас кардани мушкилотест, ки вакилони мудофеъ барои мулоқот бо мувакилонашон ва ҳимоят аз онҳо мувоҷеҳ мешаванд.
Дар ин нишаст иддае аз вукалои мудофеъ бо ёдоварӣ аз таҷрибаи фаъолияташон аз он шикоят мекарданд, ки дар бархе маворид аз дидани мувакилонашон маҳрум мешаванд. Ва вакилони мудофеъ мегуфтанд, ки ин аъмол нақзи ҳуқуқашон барои ҳимоят будааст. Ҳамчунин ба гуфтаи бархе дигаре аз вакилони дифоъ дар боздоштгоҳҳо дар замони бозпурсиҳо боздоштшудагон ва муттаҳамон мавриди озору шиканҷа қарор мегиранд.
Вале ба гуфтаи онҳо ба далели ба таъхир гузоштани ташхисҳои тиббӣ баҳсҳои додгоҳӣ ба дарозо кашида мешавад. Бархе аз вакилони мудофеъ изҳор намуданд, ки мавонеъи аслӣ барои мулоқоти вакилон дар боздоштгоҳҳоро бозрасонҳо эҷод мекунанд.
Би-Би-Си