00:08:14 03-уми Июни 2025 сол

ҒАФФОР МИРЗОЕВ ТАҲДИД БА ГУРУСНАНИШИНӢ КАРД

Ғаффор Мирзоев, собиқ фармондеҳи Горди президентӣ таҳдид ба гуруснанишинии бемӯҳлат кардааст. Оиша Мирзоева, хоҳари бузурги Ғаффор Мирзоев аз қавли бародараш гуфтааст, ки агар то як моҳи дигар хостаҳои ӯ бароварда нашавад, даст ба гуруснанишинии бемӯҳлат хоҳад зад.

/images/stories/2011/10/12_ghaffor-mirzoev_2011.jpgОиша Мирзоева, ки баъд аз мулоқот бо бародараш бо Радиои Озодӣ сӯҳбат кард, гуфт, бародараш мехоҳад барои баррасии қарори қазияи ӯ, як комиссияи махсус дар ҳайати намояндагони прокуратураву суд ва дигар мақомоти масъул ташкил шавад: «Гуфт, ки ба додгоҳ муроҷиат кунед ва аз ман расонед, ки дар муддати як моҳ намояндаҳояшон бо намояндаи додситонӣ ва дастгоҳи президент, ҳар мақоми масъул, ки набошад, як комиссияи босалоҳият карда, биёянд, назди ман дароянд ва ба ман дуруст бифаҳмонанд. Агар ба ман дуруст фаҳмонда тавонанд, ки ҳукми ман дуруст аст, даст мебардорам, таслим мешавам ва менишинам дар ҳамин маҳбас. Ман ғуломи қонунам. Ҳеҷ вақт аз қонун рӯ нагардондаам. Аммо агар исбот накунанд ва дар муддати як моҳ наоянд, гуруснанишинии якумра, то мурдан гуруснанишинӣ мекунам».

Ғаффор Мирзоев ҳамчунин тақозо кардааст, ки бо вакили дифоъи худ вохӯрад ва дигарбора қазияашро ба баррасӣ кашида шавад. Собиқ фармондеҳи Горди президентӣ ва раиси Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикстон моҳи августи соли 2004 боздошт шуда буд.

Додситонии низомӣ ӯро дар содир кардани 104 ҷиноят аз рӯи 34 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон муттаҳам кард. Аммо дар мурофиаи додгоҳӣ аз ҷониби додситонӣ ва додгоҳ 11 ҷинояти ӯ бекор карда шуданд. Мурофиаи додгоҳии Ғаффор Мирзоев ҳудуди ду сол идома кард ва аз тӯлонитарин мурофиаҳои пурсарусадои солҳои ахир ба шумор меояд.

11 августи соли 2006 ӯ бо иттиҳоми куштор, ғасби қудрат тариқи ошӯби низомӣ, убури ғайриқонунии марз, саркашӣ аз пардохти молиёт ва сӯистифода аз мақоми хидматӣ ба ҳабси абад маҳкум шуд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854