23:55:25 02-уми Июни 2025 сол

ДАРГУЗАШТИ ЮСУФ АКОБИРОВ, НАВИСАНДАИ ТОҶИК

Шаби гузашта Юсуф Акобиров, румоннависи тоҷик дар синни 75 солагӣ, бар асари бемории тӯлонӣ даргузаштааст. Юсуф Акобиров, дар тӯли як соли ахир, баъд аз пушти сар кардани сактаи мағзӣ бистарӣ будааст. Вай рӯзи чаҳоршабеи 12 октябр дар гӯристони Сари Осиё дар паҳлӯи қабри модараш ба хок супурда шуд.

Тарҷимаи ҳол

/images/stories/2011/10/12_yusefakobirov_2011.jpgЮсуф Акобиров соли 1937 дар ноҳияи Ғаждувони вилояти Бухорои Ӯзбакистон таваллуд шуда ва мактаби ҳамагониро дар ин макон ба охир расонидааст. Сипас вай ба Тоҷикистон меояд ва ба Донишгоҳи миллии ин кишвар ба бахши филологияи тоҷику форс пазируфта шуда ва дар авохири солҳои 1960 аз ин донишгоҳ фориғ мешавад. Юсуф Акобиров баъд аз анҷоми таҳсил дар идораи маҷаллаи “Садои Шарқ" дар шаҳри Душанбе ба фаъолят оғоз кардааст.

Сипас дар шаҳри Маскав дар давраҳои як сола бозомӯзии навиштани достонҳои филмро паси сар карда ба ҳайси мудири адабии рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” кор мекунад. Аз авоили солҳои 1970 узви Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон буда ва дар соли 1980 барои чанде аз румонҳои навиштааш, ҷоизаи ба номи Абуабдулоҳ Рӯдакиро ба худ ихтисос медиҳад. Ҳамчунин вай унвони нависандаи мардумии Тоҷикистонро низ гирифта буд.

Осори ба мерос мондаи Акобиров

Абдулҳамид Самад, муоъвини иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ҷойгоҳи Юсуф Акбоировро дар адабиёти тоҷик созанда хонд. Оқои Самад мегӯяд: “Бавижа нақши Акобиров дар насрнависӣ арзанда аст. Вай романнависи моҳир буд ва осории насрии вай аз ҷумла романҳои “Норак”, “Замини падарон” ва “Водии муҳаббат” дар миёни дӯстдорони адабиёт машҳуранд.”

Нахустин бор Юсуф Акобиров дар соли 1958 ба навиштани дром оғоз мекунад ва дроми вай бо номи “Рӯдакӣ” дар теотри шаҳри Ленинобод (Хуҷанди ҳозира) рӯйи саҳна меояд. Сипас вай дар соли 1963 ҳикояте бо номи “Баъде ки осиё бозмонд” менависад ва эҷодиёти аслии ӯ баъд аз навиштани ин румон оғоз меёбад.

Дар солҳои баъдӣ Юсуф Акобиров ҳикоёти “Духтаре, ки ҷустуҷӯяш мекунам”, “Балоғат”, “Мунира” ва “Осмони соф”-ро менависад. Гарчӣ дар ин ҳикоёт Акобиров бештар мавзӯъи ишқу муҳаббати ҷавонон6ро сутуда буд , вале дар нахустин румоне, ки Акобиров дар соли 1974 бо номи “Замини падарон” навишт, вай ба ситоиши меҳнати мардумони Шӯравӣ пардохт.

Муҳтавои ин румон аз бунёди ширкатҳои кишоварзӣ, ки дар даврони Шӯравӣ бо номи “колхоз” машҳур буд,ҳикоят мекард. Сипас румони дувуми вай бо номи “Норак” ба нашр расид, ки дар он аз корзори сохтмони “Норак”, бузургтарин нерӯгоҳи барқӣ дар Осиёи Миёна ҳикоят мешуд.

Окодемисян Муҳамадҷон Шакурӣ, зимни арзёбӣ аз эҷодиёти Юсуф Акобиров аз ӯ ба унвони нависандаи воқеънигори тоҷик ёдовар мешавад. Аз рӯйи ду асари Юсуф Акбориов, ҳикоёти ““Баъде ки осиё бозмонд” ва “Балоғат” истудиои “Тоҷикфилм” ду филми бадеъиро таҳия кардааст.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854