00:03:11 03-уми Июни 2025 сол

САФОРАТИ ИМА МАКТАБРО БАРҚАРОР МЕКУНАД

27 октябри соли 2011 майор Арнел Девид, командири корҳои шаҳрвандӣ ва Уэсли Стронг, сардори гурӯҳи кӯмакрасонии ҳарбӣ-шаҳрвандӣ аз сафорати ИМА дар маросими ифтитоҳи мактаби аз нави таъмиршудаи рақами 10-и деҳаи Лоҷирки ноҳияи Тавилдара иштирок карданд.

/images/stories/2011/10/27_tavidara_usa_2011.jpgБарномаи кӯмакрасонии ёрии гуманитарӣ дар холатҳои фавқулода ва аҳолии шаҳрвандӣ дар хориҷа дар департаменти мудофеаи ИМА барои барқарорсозии мактаб 48900 доллар харҷ намуд. Мактаби таъмиршуда ба зиёда аз 120 талаба шароити таҳсилро фароҳам месозад ва имкониятҳои донишомӯзии талабагони ин минтақаро пурзӯр мегардонад.

Абдулқодир Зауров, муовини сардори шӯъбаи иншоот аз вазорати маориф, Ҳиматшо Ғайратов, раиси ноҳияи Тавилдара ва Юсуф Ғафуров. мудири мактаби рақами 10 низ дар ин маросим ширкат варзиданд.

Мактаб дар замони ҷанги шаҳрвандӣ зиёни зиёде дид ва аз он вақт рӯи таъмирро надида буд.Кӯдакони маҳаллӣ дар хонаҳо дарс мегирифтанд. Сафорати ИМА дар ҳамкорӣ бо ҳукумати маҳаллӣ вайронаҳоро таъмир намуданд ва кӯдакон имконияти ба мактаб баргаштанро пайдо намуданд. Мактаб аз ҳамин рӯз расмӣ кушода шуд ва муаллимон ва талабагон ба синфҳои худ баргаштанд.

Ин лоиҳа яке аз лоиҳаҳои ёрирасони мухталиф ки аз номи мардуми Амрико ва аз тарафи сафорати ИМА ба роҳ андохта мешавад. Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико барои дастгирии рушди соҳаҳои иқтисодиёт, тандурустӣ, маориф ва ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 984 миллион доллар пешниҳод намудааст.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854