02:46:00 02-уми Майи 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

ДАР БОРАИ САФАРИ БАРОНЕССА ВИВЕН СТЕРН БА ТОҶИКИСТОН

Тибқи хабари дафтари матбуотии Сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон рӯзҳои 19-22 сентябри соли ҷорӣ Баронесса Вивен Стерн, узви Палатаи Лордҳои Парлумони Британияи Кабир  бо як сафар дар кишвари мо ҳузур дошт.

/images/stories/2011/11/05_viven-stern_2011.jpgДар доираи барномаи серӯзаи хеш Баронесса Стерн бо роҳбарони Кумитаҳои Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон, бо ҷаноби Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, генерал Изатулло Шарипов, муовини Вазири адлия, Дафтари САҲА дар Душанбе ва дигар  нафароне, ки ба масоили ҳуқуқи инсон машғуланд, вохӯрӣ намуд.

Сафари навбатии ӯ ин идомаи сафари бобарори пешинаи буд, ки моҳи декабри соли 2010 сурат гирифта буд ва давоми он вай ба нафарони зиёде муносибатҳои хубе барпо намуд. Мақсади ин сафар ҳамчунон таҳким ва рушди минбаъдаи муносибати дуҷонибаи парлумони ҳарду кишвар, бахусус, дар масоили ҳуқуқи инсон буд. Баронесса Стерн ҳамчунон бо донишҷӯёни факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи милии Тоҷикистон дар мавзӯи ҳуқуқи инсон як сӯҳбати шавқоваре низ доир намуд. 

Баронесса Вивьен Стерн корманди калони илмии Маркази байналмиллалӣ оид ба омӯзиши низоми ҳабсхонаҳо дар Коллеҷи шоҳии Лондон мебошад. Фаъолият маркази мазкур ба омӯзиши масъалаҳои маҳбасхонаҳо  машғул аст ва таҷрибаи он дар тамоми олам истифода бурда мешавад.

Ӯ ҳамчунин Президенти фахрии Penal Reform International мебошад. Ин созмони гайридавлатиест, ки ба масъалаи ислоҳоти ҳуқуқи ҷиноятӣ дар саросари олам машғул аст. Аз соли 1989 то соли 2005 Баронесса Стерн узви муассисон ва котиби генералии ҳамин ташкилот шуда кор кардааст.

Соли 1999 ӯ ҳамчун узви мустқили Палатаи Лордҳо таъин шуд. Ҳоло ӯ узви Кумитаи муштараки парлумонӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон мебошад.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi