12:30:47 13-уми Июни 2025 сол

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО СИАОЮ ЖАОРО

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ноиби президенти Бонки осиёии рушд Сиаою Жаоро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистону Бонки осиёии рушд баррасӣ шуд.

/images/stories/2011/11/07_vokhuri_11121.jpgБо қаноатмандӣ зикр гардид, ки тайи солҳои ҳамкории дуҷониба Бонки осиёии рушд барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисод, инчунин ташаккули иқтидор ва рушди институтсионалии Тоҷикистон ба маблағи беш аз 850 миллион доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кўмаки техникӣ ҷудо намудааст.

Ҳоло лоиҳаҳои фаъоли Тоҷикистону Бонки осиёии рушд ба маблағи умумии 529 миллион доллари амрикоӣ дар бахшҳои энергетика, нақлиёт ва молияи давлатӣ мавриди татбиқ қарор доранд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Бонки осиёии рушд барои саҳмгузории намоён дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон арзи сипос карда, ҳамзамон таъкид дошт, ки дар ҳамкории ду ҷониб ҳанўз имкониятҳои истифоданашуда зиёданд.

Доир ба Барномаи шарикии Бонки Осиёии Рушд ва Тоҷикистон барои солҳои 2012-2014, ки дар ҳаҷми тақрибан 200 миллион доллари амрикоӣ сармоягузории лоиҳаҳои соҳаҳои роҳсозӣ, амнияти энергетикӣ, рушди бахши хусусӣ, идоракунии минтақавӣ ва ғайраро дар назар дорад, гуфтугўйи судманд сурат гирифт.

Ба роҳбарияти бонки мазкур барои маблағгузории лоиҳаи навсозии роҳи мошингарди Душанбе – Турсунзода ва дастгирии лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди Айнӣ – Панҷакент – сарҳади Узбекистон изҳори сипос карда шуд.

Гуфтугўйи пурмуҳтаво ҳамчунин доир ба татбиқи дигар лоиҳаҳои судбахш, аз ҷумла бунёди роҳҳои оҳану мошингард, нерўгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли нерўи барқ ва ғайра, ки дорои аҳамияти минтақавӣ барои кулли Осиёи Марказӣ ва кишварҳои Осиёи ҷанубӣ мебошанд, сурат гирифт.

President.tj

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854