12:13:35 13-уми Июни 2025 сол

КАРОМАТ ШАРИФОВ: «БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА РУСИЯ ТАБОДУЛИ МАҲБУСОН СУРАТ БИГИРАД»

Дирӯз сарвари Ҷумбиши умумироссиягии «Муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон» Каромат Шарифов пешниҳод намуд, ки халабонҳои маҳкумшудаи русиро бо шаҳрвандони тоҷик ки дар зиндонҳои Русия маҳбусанд, мушобеҳ ба табодуле, ки байни Исроил ва Фаластин сурат гирифт, табодул намоянд.

/images/stories/2011/11/12_karomat-sharipov_11-11-11.jpgДар ҳамин ҳол узви Палатаи ҷамъиятии Русия адвокат Анатолий Кучерин дар посух ба ӯ гуфтааст, ки табодули халабон Владимир Садовничий бо кочоқчиёни маводи мухаддири тоҷикистонӣ, ба обрӯи Русия латма ворид мекунад ва ин кор набояд сурат бигирад.

Дар ин бора сайти интернетии «Взгляд деловая газета» хабар медиҳад. Ҳамин манбаъ бо истинод ба хабаргузории Интерфакс навиштааст, ки муовини сарвазири Русия Дмитрий Козак, яке аз нафарони наздик ба Владимир Путин, дирӯз дар Санкт Петербург гуфтааст, ки халабонҳои русиро мақомоти Тоҷикистон бо ибрози маъзарат дар рӯзҳои наздик озод хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки 8-уми ноябри соли 2011 мақомоти судии шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон халабони русӣ Владимир Садовничий ва халабони эстонӣ Алексей Руденкоро барои содир кардани ҷиноятҳои қочоқ, ғайриқонунӣ убур кардани марзи давлатӣ ва вайрон кардани қоидаҳои байналмилалии парвоз ба муддати ҳашту ним солӣ аз озодӣ маҳрум карданд.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854