12:23:40 13-уми Июни 2025 сол

ДАРГУЗАШТИ РАИСИ ҲИЗБИ ҒАЙРИРАСМИИ «ТАРАҚҚИЁТ»

Султон Қувватов, раиси ҳизби сабтиномнашудаи “Тараққиёт” ва яке аз чеҳраҳои мухолифи давлати Тоҷикистон бар асари сактаи қалб дар синни 60-солагӣ даргузаштааст.

Сарҳанг Султон Қувватов пас аз истеъфо аз суфуфи Вазорати дохила ва раёсати Кумитаи молиёти Тоҷикистон талош кард, то дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ширкат кунад, салоҳияти номзадии ӯ таъйид нашуд.

Сипас, ӯ ҳизби мухолифи “Тараққиёт”-и Тоҷикистонро таъсис кард ва дар соли 2001 Анҷумани муассисони ин ҳизб баргузор шуд. Аммо дар муддати чаҳор соли талошҳои пайгиронаи Султон Қувватов ҳизби ӯ дар Вазорати адлияи Тоҷикистон сабти ном нашуд.

Султон Қувватов ба нишонаи эътироз ба ин амали Вазорати адлия эълом дошт, ки ба Додгоҳи Байналмилалии Лоҳа (Гаага) дар мавриди иҷозаи фаъолият надодан ба ҳизби сиёсӣ дар Тоҷикистон шикоят хоҳад бурд.

Гуфта мешавад, ки санад барои ин додгоҳи байналмилалӣ аз ҷониби Рустам Файзиев, муъовини раиси ҳизби сабтиномнашудаи “Тараққиёт” таҳия шуда, вале дар соли 2005 қабл аз ирсоли нома оқои Файзиев боздошт ва зиндонӣ шуд. Рустам Файзиев пас аз муддате дар зиндон фавт кард. Дар солҳои ахир Султон Қувватов аз арсаи сиёсӣ канор рафта, ба тиҷорат машғул буд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854