12:34:27 13-уми Июни 2025 сол

ҲАМЛА БА ЭРОН ҶАҲОНИ ИСЛОМРО БА ПО МЕХЕЗОНАД

Муовини ҲНИТ изҳор дошт, ҳамла ба Эрон аксар кишварҳои ҷаҳони Исломро дар муқобили кишварҳои Амрико ва Исроил  қарор хоҳад дод.

Маҳмадалӣ Ҳаит дар гуфтугӯ бо хабарнигори “Форс” дар Душанбе дар робита бо хабарҳои мавҷуд дар мавриди ҳамлаи эҳтимолии Исроил ва ҳимояти Амрико аз ин тарҳ афзуд, Эрон Афғонистон ё Ироқ нест, ки кишварҳои Ғарб таҳти ҳимояи Амрико ҳар коре, ки бихоҳанд дар хоки он анҷом диҳанд.

Ба гуфтаи ӯ Амрико ва соири кишварҳои ҳампаймонаш барои ҳамла ба Эрон ин воқеъиятро дарк кунанд, ки паёмади чунин амале на танҳо барои минтақа, балки барои тамоми ҷаҳон паёмадҳои сангине хоҳад дошт. Дар идома Маҳмадалӣ Ҳаит баён дошт, ки ин таҳдидҳо монанди овозаҳои солҳои гузаштаи як барномаи таблиғотии Ғарб буда ва бо ҳадафи инҳирофи афкори умумии ҷаҳон аз он чи дар Ғарб ва Амрико мегузарад, сурат пазируфтааст.

Вай таъкид кард, Амрико ва кишварҳои дигар бояд дарк кунанд, ки бо чунин таҳдидҳо ҳамбастагӣ ва ваҳдати миллии эрониёнро чи дар дохил ва чи дар хориҷ аз ин кишвар беш аз пеш тақвият хоҳад дод. Дар ҳамин ҳол Абдуссатор Нуралиев дар гуфтугӯ бо хабарнигори “Форс” дар Душанбе афзуд, агар чунин иттифоқе пеш ояд, ки Амрико ва Исроил иқдом ба ҳамлаи мусаллаҳона алайҳи Эрон кунанд, баҳои чунин иштибоҳе барои онҳо гарони тамом хоҳад шуд.

Ин донишманди тоҷик тасреҳ кард, баҳонаҳое, ки мақомоти Ғарб бо ҳимояти тарҳи Исроил матраҳ мекунанд, далеле барои ҳамла ба кишваре, ки ҳеҷ таҳдиде ба амнияти ҷаҳон надорад, қобили қабули мардуми дунё нест.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854