05:28:24 14-уми Июни 2025 сол

ҲАЛОКАТИ ДУ НАФАР ДАР ТИРАНДОЗӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ВИРҶИНИЯ

Бар асари тирандозӣ дар донишгоҳи техникии Вирҷиния, воқеъ дар шарқи Амрико, ду нафар, аз ҷумла, як корманди полис  ба ҳалокат расиданд.

Фарди ношинос дар истгоҳи мошинҳои донишгоҳ тирандозӣ кард. Ҷустуҷӯи ҳамлагар идома дорад. Маъмурияти донишгоҳ аз донишҷӯён хостааст, ки биноро тарк накунанд.

Моҳи апрели соли 2007 дар ҳамин донишгоҳ як ҷавони ақлбохта сӯи донишҷӯён оташ кушода 32 нафарро кушт ва 25 каси дигарро маҷрӯҳ кард. Баъди ба ҷои ҳодиса расидани кормандони полис қотил даст ба худкӯшӣ зад. Он ҳодиса хунбортарин дар таърихи донишгоҳҳои Амрико маҳсуб мешавад.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854