20:35:03 14-уми Июни 2025 сол

САДАМАИ НАҚЛИЁТӢ

Рӯзи 18-уми декабри соли равон, соати 17: 22 дақиқаи вақти маҳаллӣ ҳангоми боло баромадан аз тарафи деҳаи Хидорҷев ба деҳаи Сумҷеви Ҷамоати деҳоти Тавдеми ноҳияи Роштқалъа автомашинаи тамғаи Чан Ху ё худ Тангем, рақами давлатиаш В 1048 04 РТ мансуб ба шаҳрванд  Нафасшоев Окимшо Булбулшоевич, соли таваллудаш 1984, сокини деҳаи Сумҷев бо се нафар мусофир аз баландии тақрибан 25 метр ба поён ғалтид, ки дар натиҷа шаҳрвандон Кароматов Кароматшо Назокатшоевич, соли таваллудаш 1962 ва Кабутаршоев Расул Давлатшоевич, соли таваллудаш 1989 сокинони деҳаи Сумҷеви ноҳияи Роштқалъа, ҳалок гардида, Душанбиев Акмал Миралишоевич, соли таваллудаш 1989, сокини деҳаи Кушки Поршиневи ноҳияи Шуғнон ҷароҳати вазнин бардошт.

Душанбиев Акмал ва Нафасшоев Окимшо ҳар ду бо ҳолати вазнин дар беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ бистарӣ шуданд. Мусофирон аз тӯйи арӯсӣ, ки дар деҳаи Ризефи Ҷамоати деҳоти Тусиёни ноҳияи Роштқалъа баргузор шуда буд, ба хонаашон бармегаштанд. Нозири калони БДА Зиёбеков Интизор сабаби рух додани садамаро натиҷаи фориғболӣ ва аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромадани ронанда арзёбӣ кард.

Алии Пайшанбе, «Рӯзгор», Хоруғ

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854