05:39:44 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

БОЗДОШТИ ПАНҶ УЗВИ ҲИЗБУТТАҲРИР ДАР ДУШАНБЕ

Дар шаҳри Душанбе як гурӯҳи панҷнафара ба иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯи "Ҳизбуттаҳрир" боздошт шудаанд. Ба иттилои манобеи интизомии Тоҷикистон, ҳамаи боздоштшудагон ҷавонони синнашон аз 30 то 38-сола буда, яке аз онҳо қаблан низ барои фаъолиятҳои мазҳабӣ боздошт шудааст.

BozdoshtshudaБа гуфтаи ин манбаъ, аз қароргоҳи онҳо воқеъ дар хиёбони Неъмат Қарабоеви пойтахт беш аз 100 китоб ва варақаҳои мазмуни таблиғотӣ дошта, ҳамчунин ноутбук, флешкорт ва 116 навори таблиғотӣ кашф ва мусодира шудааст. Фаъолияти Ҳизбуттаҳрир дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 2001 манъ шуда, Додгоҳи олӣ се сол пеш онро ба рӯйхати созмонҳои ифротӣ шомил кард. Бино ба гуфтаи мақомот, ҳадафи Ҳизбууттаҳрир сарнагун кардани ҳукуматҳои демократӣ ва бунёди як хилофати исломӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ будааст.

Дар тӯли 10 соли ахир ахир, теъдоди зиёди пайравони ин ҳизб барои содир намудани аъмоли ғайриқонунӣ, назири паҳн кардани шабномаҳо, адабиёти мазҳабӣ ва даъват барои сарнагунии низоми демократии кишвар боздошт ва ба муддатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шудаанд.

Аммо бо ин ҳам гуфта мешавад, ки пайравони ин гурӯҳ ба фаъолиятҳои худ бо ҳар роҳ идома медиҳанд ва соли гузашта маҷаллаи ин созмон бо номи "Cубҳи хилофат" нашр гардид, ки он бо забони тоҷикӣ ва бо муқоваи ранга дар 54 саҳифа чоп шуда буд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi