20:35:02 14-уми Июни 2025 сол

ҚАТЛИ ЯК МУҲОҶИР ДАР ЗАДУХӮРДИ БАЙНИ ТОҶИКОН ДАР РУСИЯ

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд ҳашт нафар аз афроди мазнун дар қатли як табаъаи тоҷик дар Русия боздошт шудаанд. Ба гуфтаи Давлати Назрӣ, масъули дафтари матбуъотии ин вазорат, сабаби марги Аҳмади Мирзоғанӣ, як табаъаи Тоҷикистон дар Русия, низоъ миёни ҷавонони тоҷик будааст.

Оқои Назрӣ рӯзи чаҳоршанбеи 4 январ дар ҳузури хабарнигорон гуфт: “Рӯзи якуми январи соли равон, соъати 2 шаб ҷасади Аҳмади Мирзоғанӣ дар назди мағозаи хӯроквории шаҳри Алексияи вилояти Тула пайдо шуд. Баъд аз таҳқиқот муъайян гардидааст, ки Аҳмад бо ҳамроҳии се нафар бо 15 нафар аз шаҳрвандони дигари Тоҷикистон даъво кардаанд ва дар натиҷаи ҷанҷол вай бо корд захмӣ шуда, ҷон медиҳад.”

Оқои Назрӣ мегӯяд, ки пулиси Русия ин қазияро таҳқиқ карда ва дар натиҷа ҳашт нафар аз мазнунони ин ҷурм боздошт шудаанд, ки ҳамаашон сокинони Тоҷикистон будаанд.

Ба гуфтаи вай, ҳамроҳони дигари Аҳмад, аз ҷумла Сайёд Ҳайитов, Баракатулло Ёқубов ва Аҳлиддин Сангов дар ин ҳодиса ҷароҳоти мухталифе бардоштаанд.

Масъулони вазорати хориҷа мегӯянд, ки баъд аз озмоиши пизишкӣ ҷасади Аҳмади Мирзоғанӣ ба Тоҷикистон интиқол хоҳад ёфт.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854