21:06:55 14-уми Июни 2025 сол

ЗАРАРИ АЛОҚАИ МОБИЛӢ ТО НОНХӮРАКУ ЗАНБӮРҲО РАСИД

Мутахассисонро зуҳуроте, аз қабили нест шудани нонхӯракҳои зард ба андеша водор кардааст. Зеро бисёриҳо мушоҳида кардаанд, ки ин сокинони доимии манзили бисёр одамон худ аз худ ғайб задаанд. Вазъият фирори калламушҳоро аз киштии ғарқшудаистода ба хотир меорад.

Мутахассисон якчанд фарзияи нестшавии нонхӯракҳоро пешниҳод кардаанд:

1.Беҳтаршавии ҳолати беҳдоштии амборҳо ва фурӯшгоҳҳои маводи ғизоӣ туфайли такмил ёфтани масолеҳи борпечонӣ.

2.Истифодаи оммавии заҳрҳои таъсирашон зӯр ва тӯлонӣ.

3.Бӯйҳои тунд аз зарфҳои пластмассӣ, мебел, деворкоғазҳо, линолеум.

4.Фарзияи ба ҳақиқат хеле наздик нестшавии нонхӯракҳо аз сабаби бисёр шудани алоқаи мобилии басомадаш баланд мебошад. Махсусан, дар Русия, ки стандартҳои кӯҳнаи GSM ва GPRS амал мекунанд, маҳз нонхӯракҳо қурбони он шудаанд. Ба кишварҳое, ки стандартҳои насли сеюм (UMTS ва GDMA 2000) паҳн шудааст, камтар омад кардааст. Дар он ҷойҳо занбӯрҳои асал ба таври оммавӣ ҳалок мешаванд.

Бояд қайд кард, ки ватани нонхӯрак Осиёи Ҷанубӣ мебошад ва он ба Аврупою Амрикои Шимолӣ дар асри XVIII оварда шудааст, ки дар манзили одамони он ҷойҳо хеле тез зиёд шуд. Ҳангоми аз 50С паст будани ҳарорат нонхӯракҳо ҳалок мешаванд, аз ин рӯ дар иқлими сарди шимол онҳо дар хонаҳои доимо гарм зиндагӣ карда метавонанд.

Нонхӯраки зард ҳама чизро мехӯрад: пасмондаҳои хӯроки одам, дар ҳолати набудани онҳо коғаз, матоъ,чарми пойафзол, муқоваи китобҳо, собун ва ғайраҳоро истеъмол мекунад.

Нонхӯракҳо, ки ҳам бо ифлосиҳо ва ҳам бо ғизои тоза сари кор доранд, метавонанд сабаби паҳншавии бемориҳои гуногун, махсусан гастроэнтерит, диарея, дизентерия ва амсоли инҳо шаванд.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854