ТАНҲО ДУ РӮЗИ НАВРӮЗ БЕ БАРФУ БОРОН ХОҲАД БУД
Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон пешгӯӣ мекунад, 18 ва 19-уми март дар Тоҷикистон барф меборад. Ба гузориши Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон, ҳаво дар кишвар аз 16 то 18-уми март боронӣ хоҳад буд ва сипас борон ба барф мубаддал шуда, резиши барф то 20-уми март идома хоҳад ёфт.
Парвина Сайидҷалолова, сардори Идораи давлатии обу ҳавошиносии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тайи ин муддат дар тамоми минтақаҳои кишвар барф борида, дар мавзеъҳои кӯҳистонӣ туман мешавад. Ин марказ ба аҳолии кишвар ҳушдор додааст, ки рӯзҳои 19-20-уми март дар водиҳо борони сел меборад ва дар минтақаҳое, ки аз сатҳи баҳр 1500 метр баландтаранд, барф меояд.
Ҳарорат рӯзона дар водиҳо 1-3 дараҷаи Селтсия гарм мешавад, Дар кӯҳдоманҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор (Ҳушёрӣ, Майхӯра, Анзоб) ва ноҳияҳои ҷудогонаи кӯҳистонии тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари тарма ё баҳман ҷиддӣ мешавад.
Дар бархе аз манотиқ эҳтимоли омадани сел мавҷуд аст. Ба иттилои ҳавошиносон, сабабҳои ба истилоҳ, ба дарозо кашидани фасли зимистон ва резиши барфу борон ба иваз шудани сиклонҳои атмосферӣ дар ҳаво бастагӣ дошта, боиси сард шудани ҳавои минтақа гардидааст. Имсол дар Тоҷикистон ҳаво аз аввали моҳи ноябр сард шуда, барфи аввал 7-уми ноябр борида буд. Душанбе дар моҳҳои декабр, январ ва феврал се дафъа ҳадафи барфи бузург қарор гирифт.
Баҳман дар масири шоҳроҳи Душанбе--Хуҷанд садҳо мусофирро ба "асорат" гирифт ва танҳо бо мадади нерӯҳои Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон зиёда аз 200 мусофир дар ин роҳ пас аз шабонарӯзҳои "асорат" наҷот ёфтанд. Тарма дар ноҳияи Ромит 4 нафарро ба ҳалокат расонд.
Ҳарчанд ба пешгӯии Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон то рӯзи 20-уми март ҳаво бо барфу борон хоҳад буд, рӯзҳои 21 ва 22-юми март осмон софу ҳаво офтобӣ хоҳад шуд ва сипас рӯзҳои баъдӣ боз абру борон хоҳад омад.
«Озодӣ»