ДОДГОҲ ҲАЛНОМА АЛАЙҲИ "МИЛЛАТ"-РО БЕКОР КАРД
Раёсати додгоҳи шаҳри Душанбе ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ алайҳи ҳафтаномаи «Миллат»-ро бекор кард.
Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ дар моҳи марти соли гузашта даъвои вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов алайҳи нашрияи “Миллат”-ро қонеъ карда ва ин ҳафтаномаро барои пардохти 1 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима ва узрхоҳӣ муваззаф карда буд.
Ин қарори додгоҳро зинаи кассатсионии додгоҳи шаҳри Душанбе низ таъйид карда буд. Раёсати додгоҳи шаҳри Душанбе акнун ҳам ҳалномаи додгоҳи Фирдавсӣ ва ҳам қарори додгоҳи кассатсиониро лағв карда ва ба баррасии такрорӣ ирсол кардааст.
Вазорати кишоварзӣ матлаби нашрнамудаи ҳафтаномаи «Миллат» зери номи «Вазорати кишоварзӣ фасодзадатарин ниҳод» дар яке аз шумораҳои ин нашрия дар охири соли 2009 -ро тӯҳмате нисбати ин вазорат хонда ва тақозои пардохти 1 миллион сомонӣ товон карда буд.
Дар муқобил нашрияи «Миллат» ба додгоҳ даъвои мутақобила бурд ва аз вазорати кишоварзӣ 1 сомонӣ товон талаб кард.
«Озодӣ»