19:23:59 15-уми Июни 2025 сол

АННОН ДАР "ҶУСТУҶӮЙ"-И СУЛҲИ СУРИЯ ДАР МАСКАВ ВА ПЕКИН

Намояндаи вижаи СММ ва ИА дар умури Сурия, барои гуфтугӯ бо мақомоти баландпояи Русия ва Чин, ба ин ду кишвар меравад.

Қарор аст Куфӣ Аннон имрӯз шанбе бо Дмитрий Медведев раиси ҷумҳур ва Сергей Лавров вазири умури хориҷии Русия дар бораи бӯҳрони Сурия дидор ва гуфтугӯ кунанд. Ҳафтаи гузашта Русия ва Чин ба таври расмӣ аз тарҳи сулҳи Куфӣ Аннон барои поёни бӯҳрони Сурия ҳимоят карданд.

Гузоришҳои дигар аз он ҳикоят мекунанд, ки Созмони Миллали Муттаҳид тарҳи кӯмакҳои 84 миллион долларӣ ба оворагони суриягӣ дар Лубнон, Урдун, Ироқ ва Туркияро ироа додааст. Русия ва Чин, ду узви доими Шӯрои Амнияти СММ то кунун монеи судури ду қатъномаи мавриди ҳимояти Ғарб дар маҳкумияти саркӯбии эътирозҳо дар Сурия шудаанд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854