МӮДИ ИСЛОМӢ. ЗЕБОИИ ТАБИӢ ВА ШУКӮҲИ ЗАНИ ШАРҚӢ?
Ҳамсари Рамзан Қодиров, раисиҷумҳури Чеченистон, намоиши мӯди либосҳои исломиро дар Дубай баргузор кард. Ин намоиш “Бонуи чечен” ном дошта, аз сӯи созмони ҳунарии “Фирдавс” барои нахустин бор дар хориҷ аз Чеченистон доир гашт. Ин созмони ҳунариро ҳамсари Рамзан Қодиров ҳанӯз соли 2009-ум таъсис додааст.
“Зебоии табиӣ ва лутфу шукӯҳи занони шарқӣ илҳомбахши таъсиси созмони ҳунарии “Фирдавс” буд. Мутмаинам, ки намоиши Дубай аввалин қадам барои тасхири ҷаҳони мӯд дар Ховари Миёна аст”,-баён доштааст ӯ.
Моҳи октбяри соли гузашта низ дар Қазоқистон як гурӯҳи занон бо ҳимоят ва дастгирии Идораи мусулмонони ин кишвар мӯди ҳиҷоби исломиро баргузор карда буданд. Дар кишварҳои мусулмонӣ занон бо шеваҳои мухталиф ҳиҷобу либосҳои исломӣ ба бар мекунанд, ки омехта бо пӯшишҳои суннатии онҳост.
Ҳиҷоб, рӯсарӣ ва ниқоб, ба қавле се навъи либоси исломист, ки пӯшандагони онҳоро дар кӯчаҳои Душанбе ва ноҳияҳои дигари Тоҷикистон дидан мумкин аст. Зоҳиран ҳеҷ кас бо онҳо ва онҳо бо дигарон коре надоранд.
Вале як идда пӯшиши исломиро нишони фарҳанги “арабӣ” медонанд ва мегӯянд, он набояд дар ҷомеаи Тоҷикистон ҷой дошта бошад. Ин аст, ки дар чанд соли пеш вазорати маорифи Тоҷикистон вуруди духтарони ҳиҷобдор ба донишгоҳҳои кишварро манъ намуд ва он ба як баҳси умдаи ҷомеаи кишвар табдил ёфт.
Бо ин ҳол, Тоҷикистон то кунун шоҳиди баргузории мӯди исломӣ нашудааст. Бештари духтарони тоҷик либосу ҳиҷоби исломиро аз фурӯшгоҳҳои махсус ва ё тавассути дӯстону наздиконашон аз кишварҳои исломӣ дастрас мекунанд.
«Озодӣ»