05:41:31 20-уми Майи 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

НАМОИШГОҲИ ДУЮМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КИТОБ ДАР ДУШАНБЕ

Фардо, 24-ми май, дар бинои кӯҳнаи Китобхонаи миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Намоишгоҳи дуюми байналилалии китоби Душанбе ба кори худ оғоз мекунад.

/images/stories/2012/05/23_qiyomuddin-23512.jpgБино ба гуфтаи раиси маркази матбуотии Намоишгоҳ Қиёмуддин Сатторов имсол дар ин маъракаи муҳими фарҳангӣ муассисаҳои интишоротии 19 кишвари ҷаҳон ширкат хоҳанд варзид, ки дар муқоиса бо соли гузашта теъдоди бештар аст.

Қарор аст беш аз ду ҳазор номгӯй китобҳои мухталиф ба маърази тамошои бинандагони ин намоишгоҳ гузошта шавад. Намоишгоҳи байналмилалии китоби Душанбе бо ибтикори вазорати фарҳанги ҶТ соли дуввум аст, ки баргузор мегардад. Нафароне, ки аз намоишгоҳ дидан мекунанд, имконияти харид кардани китобҳоро низ доранд.

Шахсе, ки ба маблағи 120 сомонӣ китоби нашрнамудаи нашрияҳои ватаниро бихарад бо билет ба консерти ҳунармандони маъруфи кишвар, ки рӯзи 27-уми май дар бинои Сирк баргузор мегардад, мукофотонида мешавад. Хонандагони ҳамон мактаби таҳсилоти ҳамагоние, ки аз ҳама бештар ин Намоишгоҳро тамошо мекунанд, соҳиби ҷоиза, 1000 нусха китоб мешаванд.

Ноширони олмонӣ тайи ду рӯз таҷрибаи пешқадами худро дар соҳаи ороиши китоб аз тариқи як семинар ба китобчопкунандагони тоҷик меомӯзонанд.

Дар доираи конференсия мулоқоту вохӯриҳо шоиру нависандагон низ баргузор хоҳад шуд. Маълумоти бештареро дар бораи ин Намоишгоҳ Шумо аз навори видеоии зерин ба даст хоҳед овард.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi