17:06:02 16-уми Июни 2025 сол

ВУД АФҒОНИСТОН: ҚОТИЛОНИ ЗАН БА ҶАВОБГАРӢ КАШИДА МЕШАВАНД

Куштори як зане аз ҷониби силоҳбадастон хашми мардуми Афғонистонро ба бор овард. Мақомоти Афғонистон мегӯянд, таҳқиқи қатли бераҳмонаи як занро сар карданд, ки гуфта мешавад, Толибон ӯро ба зино муттаҳам карда ва дар як рустое дар вилояти Парвон дар пеши чашми мардум тирборон карда куштаанд. Видеои ин қатл ҳазорон нафарро ба хашм оварда, ҳукумати Афғонистон ва кишварҳои ҷаҳон ин қатлро маҳкум карданд.

/images/stories/2012/07/09_afghanwomen-090712.jpgСухангӯи Вазорати умури дохилии Афғонистон Сиддиқ Сиддиқӣ рӯзи душанбе гуфт, ҳукумати Афғонистон тасмимгирандагон ва иҷрокунандагони ин амалро пайдо хоҳад кард. Вай афзуд: "Мо ин видеоро ба таври дақиқ пажӯҳиш хоҳем кард ва он ҷинояткорону он толибонеро, ки масъули ин амали ситамгарона, террористона ва бераҳмонаанд, пайдо хоҳем кард. Ин кор ягон тавзеҳ ва ягон маъно надорад.”

Дар як изҳороти хаттӣ, раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай қатлро як амали зишт ва нобахшиданӣ унвон кард. Таҳлилгарон мегӯянд, сар задани чунин воқеа пас аз наздик ба 11 соли барканории Толибон баёнгари он аст, вазъи зани афғон дар ин муддат тағйир накардааст, гуфт  Шоҷон Яздонпараст, раиси умури занон дар вилояти Парвон. Аммо сухангӯи Толибон дар сӯҳбат бо хабаргузории олмонии ДПА даст доштани ҷунбишро дар ин воқеа рад кард.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854