МУҲОКИМАИ ДУ ЗАН БАРОИ ҚАЛЛОБӢ ВА ДАЛЛОЛӢ
Додгоҳе дар шаҳри Хуҷанд муҳокимаи ду занро ба занни даллолӣ ва қаллобӣ оғоз кардааст. Шуҳрат Аҳроров, қозии додгоҳи шаҳри Хуҷанд, ба хабаргузории “Asia Plus” гуфтааст, ки яке аз ин занон дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе боздошт шудааст.
Ба гуфтаи оқои Аҳроров, ин зан муттаҳам ба қаллобӣ буда ва муддати тӯлонӣ барои ин ҷурм таҳти таъқиб буда ва ҳамзамон ба даллолӣ, яъне қочоқи инсон, низ муттаҳам шудааст. Вай мегӯяд, ки ин зан зимистони соли ҷорӣ боздошт шуда ва таҳқиқоти бозрасон собит кардааст, ки ин сокини ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд дар интиқоли занон ва духтарон ба хориҷ аз кишвар барои водор кардани онҳо ба руспигарӣ даст доштааст.
Ҳамчунин ин таҳқиқот ҳамдасти дигари ин зан, ки сокини 30 солаи шаҳри Чкаловск будааст, муаъйян кардааст. Ҳоло ин ду зан бо ду моддаи қонуни кайфарии Тоҷикистон, яъне модди 132, ҷалби афрод барои баҳрабурдан аз онҳо дар хориҷ ва моддаи 247, яъне қаллобӣ, муттаҳам шудаанд.
Муҳокимаи заноне, ки кормандони интизомӣ онҳоро ба даллолӣ муттаҳам кардаанд, дар ҳоле оғоз мешавад, ки Вазорати хориҷаи Амрико аз қочоқи инсон дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кардааст.
Аз сӯйи дигар, кормандони вазорати умури дохила мегӯянд, ки мубориза бо қочоқи инсон дар Тоҷикистонро тақвият додаанд. Тибқи иттилоъи ин вазорат, дар соли 2011 беш аз 100 мавриди қочоқи инсон дар Тоҷикистон сабт шуда ва шуморе аз муттаҳамон ба ин ҷурм боздошт шудаанд.
Би-Би-Си