17:13:43 16-уми Июни 2025 сол

ПЕШНИҲОДИ ТАЪСИСИ ПУЛИСИ АХЛОҚ ДАР ТОҶИКИСТОН

Ректори Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфт, дар ҷомеа зарурати таъсиси пулиси ахлоқ ба миён омадааст. Ин нуктаро вай дар нишасти хабарии донишгоҳ субҳи имрӯз иброз дошт.

/images/stories/2012/07/13_poolice_130712.jpgАслиддин Низомов, ректори Донишкадаи ҳунарҳои зебои  Тоҷикистон мегӯяд, ин донишкада қабл аз қабули Қонун «Дар бораи маъсулияти волидон дар тарбияи фарзанд», ба унвонии парлумони кишвар бо мактуб муроҷиат карда хоҳиш карда буд, ки пулиси ахлоқ таъсис дода шавад.

Вай гуфт: «Ин пулис риояи ахлоқро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ назорат мекунад. Фарз кардем, корманди пулиси ахлоқ дар боғҳо, дар хиёбонҳои шаҳр, дар театрҳо мегардад ва намегузорад, ки ягон нафар бо либоси безеб, ҳақорату дашном машғул шавад. Аз милитсионерҳои мо ин чизро талаб карда намешавад, чунки онҳо аслан бо ҷинояткорон сару кор доранд».

Ҷаноби Низомов афзуд, ки пулиси ахлоқ дар чандин кишвари дунё фаъолият мекунад ва бо назардошти он, ки қариб нисфи аҳолии Тоҷикистон ҷавонони то 30-соларо ташкил мекунанд, таъсиси як ниҳоди алоҳида бо номи пулиси аҳлоқ зарур аст.

Полиси ахлоқ, ки дар баъзе кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла, Ҷумҳурии Исломии Эрон амал мекунад, риояи либоси исломӣ, рангу бор, равобити миёни марду зан дар хиёбон ва дигар масъалаҳоро назорат мекунад.

Вале аз назари бисёре аз сокинони ин кишвар, полиси ахлоқ ба ҳаёти хусусии мардум дахолат карда, боиси норизоияти бештар мардум аз давлат мешавад.

«Озодӣ»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854