08:39:22 06-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

МУБОРИЗАИ ДОДСИТОНИИ КУЛ БО ФАСОДИ МОЛИИ КОРМАНДОН ИН НИҲОД

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, ки дар натиҷаи таҳқиқоти вижа дар суфуфи кормандони ин ниҳод, алайҳи се нафар аз кормандон парвандаи кайфарӣ дар робита ба фасоди молӣ боз шудааст.

Шерхон Салимзода, доситони кулли Тоҷикистон, дар нишасти матбӯъотии ин ниҳод, ки рӯзи душанбеи 23 июл баргузор шуд, ҳамчунин гуфт, ки панҷ нафар аз кормандони дигари ин ниҳод барои даст задан ба фасод аз кор ихроҷ шудаанд.

Оқои Салимзода афзуд: “Масъалаи фасод дар мадди назари мо ҳамеша қарор дорад. Дар нимсолаи гузашта мо дар ин робита таҳқиқотҳои ногаҳонӣ (ғайримунтазира) гузарондем ва 39 нафар аз кормандон ҷазоҳои интизомӣ (танбеҳи идорӣ) гирифтанд.”

Оқои Салимзода мегӯяд, ҳамчунин ниҳоди онҳо беш аз 480 ҷурмеро муъайян кардаанд, ки тавассути кормандони интизомӣ пинҳон шудааст. Вай афзуд: “Дар баъзе мавридҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо сӯииистифода аз вазифа ё бо сабабҳои дигар ҷиноятҳоро пинҳон мекунанд. Мо ин ҷиноятҳоро ошкор карда ва гунаҳкоронро ба ҷавобгарӣ кашидем.”

Ҳамчунин бар асоси иттилоъи Додситонии кулли Тоҷикистон, дар шаш моҳи соли 2012 алайҳи 73 нафар аз кормандони ниҳодҳои интизомӣ ва қудратӣ дар робита ба нақзи қавонини корӣ парвандаҳои кайфарӣ боз шуда ва бар асоси таҳқиқоти ин парвандаҳо иддае аз афроди мутаҳҳам тавассути додгоҳҳо ба зиндон маҳкум шудаанд. Дар миёни ин кормандон беш аз 40 нафарро афроди низомӣ ташкил медиҳанд.

Масъулони ин ниҳод мегӯянд, ки дар ин давра дар Тоҷикистон Ожонсии мубориза бо фасоди ин кишвар даҳ мавриди таҳияи мадорики тақаллубӣ дар замони афви зиндониён дар моҳи сентябри соли 2011-ро муъайян кардааст.

Бар асоси ин таҳқиқот, Тоҷиддин Каримов, нозири додситонӣ барои иҷрои қонун дар муассисаҳои баста, аз кор ихроҷ шуда ва алайҳи се пизишк парвандаи кайфарӣ дар робита бо таҳияи мадорики тақаллубӣ боз шудааст.

Масъулони додситонӣ мегӯянд, ки ҳафт нафар аз зиндониёне, ки бар асоси мадорики тақаллубӣ афв шудаанд, дубора равонаи зиндон шуданд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi