21:34:10 18-уми Майи 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

МУРОҶИАТИ БАДАХШОНИЁНИ РУСИЯ ВА ҚИРҒИЗИСТОН БА ПРЕЗИДЕНТ РАҲМОН

Гурӯҳи бадахшониёни Русия ва Қирғизистон дар робита ба таҳаввулоти Хоруғ нигаронии худро баён карданд.

Дар тӯли мулоқоти қариб панҷсоата бо сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев, ҷомеаи бадахшониҳои Русия нигаронии худро аз рӯйдодҳои ахири Хоруғ баён карданд. Бо ироаи муроҷиатномаи хаттии худ ба унвонии президент Эмомалӣ Раҳмон, онҳо хостори хатми хушунатҳо, ҳалли сулҳомези қазия ва барқарории робитаи телефонӣ бо Хоруғ ва навоҳии атрофи он  шуданд.

Дар  муроҷиатномаи бадахшониҳои Русия аз Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба унвони кафили Қонуни асосии Тоҷикистон, тақозо шудааст, дар амри ҳифзи мардуми осоиштаи ин шаҳр иқдом намояд.

«Мо қатли генерали кумитаи амнияти Абдулло Назаровро шадидан маҳкум мекунем ва дар робита ба амалиёте, ки барои боздошти қотилон роҳандозӣ шудааст, аз шумо хоҳиш мекунем, ки амнияти мардуми осоиштаро таъмин кунед. Мо баргузории амалиёти низомӣ дар як шаҳраки хурд, ки мардум зиёд зиндагӣ мекунад, ба ташвиш овардааст».

Дар ин муроҷиатома аз хабарҳои зидду нақиз дар мавриди миқдори қурбониёни ин даргирӣ аз ҳисоби мардуми осоишта, қатъи иртиботи телефонӣ бо Хоруғ изҳори нигаронӣ  шудааст.

Дар ин робита аз раиси ҷумҳур хоҳиш шудааст, ки барои ҷилавгирӣ аз  хабарҳои беасос  ва иғвоангез дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон, ки  берун аз Бадахшон  ҳастанд, иртиботи телефонӣ бо  минтақа  дар зудтарин фурсат барқарор шавад.

«Мо мутмаин ҳастем, ки хунрезӣ ваъи аз ин ҳам бади мардуми ҷафодидаи тоҷикро бадтар насозад», гуфтаанд бадахшониҳои муқими Маскав.

Ин гурӯҳ, ки шуморашон аз сад нафар бештар гуфта мешавад, натавонистанд аз шаҳрдории Маскав иҷозаи баргузории раҳпаймоиро дар муқобили сафорати Тоҷикистон ба даст оваранд, аз ин рӯ, мардуми ҷамъшударо ходимони полис ва амнияти Русия талош мекарданд, пароканда кунанд. Тибқи иттилои радиои Озодӣ, онҳо тавонистанд дар давоми панҷ соат рӯзи 25 июл бо сафири Тоҷикистон Абдулмаҷид Достиев гуфтугӯ кунанд.

Инчунин, имрӯз дар дар баробари сафорати Тоҷикистон дар Бишкек ҳам бадахшониҳои маҳаллӣ ба нишони эътироз аз амалиёти низомии нирӯҳои ҳукуматӣ дар Бадахшон гирди ҳам омаданд. Дар баробари онҳо сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Асомуддин Саидов ҳозир шуд ва аз амалиёти вижаи ҳукумат дар Хоруғ, чун як амалиёти зидди гурӯҳҳои ҷиноӣ, ҳимоят кард. Ин ҳамоиш бо ташаббуси анҷумани тоҷикон ба номи Рӯдакӣ, созмони "Сомониён" ташкил шуд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi