09:49:50 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЭЪТИРОЗИ ДОВТАЛАБОН ДАР НАЗДИ БИНОИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ

Маъмурони пулис беш аз 90 довталаби тоҷик, ки дар назди вазорати маориф гирди ҳам омада буданд, пароканда кардаанд.

/images/stories/2012/08/30_etiroz-javonon-300812.jpgМаъмурони пулис дар сӯҳбат ба хабарнигори мо гуфтаанд, ки ин корро барои ҷилавгирӣ аз ҳама гуна "амалҳои номатлуб" анҷом додаанд. Дар ҳоле ки ба қавли онҳо, ин теъдод ҷавонон мехостанд вориди бинои вазорати маориф шаванд.

Рӯзи 30-юми август беш аз 90 довталаби тоҷик, ки дар муддати як соли охир дар донишгоҳҳои Қазоқистон давраҳои омодагиро пушти сар карда, аммо аз имтиҳонҳои дохилшавӣ нагузаштанд, дар назди бинои вазорати маориф таҷаммӯъ карданд.

Ин гурӯҳи ҷавонони тоҷик аз вазорати маорифи Тоҷикистон, ки онҳоро барои таҳсил ба Қазоқистон фиристода будааст, талаб доранд, ки ин ниҳод ҷиҳати идомаи таҳсилашон дар донишгоҳҳои Қазоқистон мусоидат намояд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки донишгоҳҳои Қазоқистон ба довталабони тоҷик ихтисосҳои дигареро пешниҳод кардааст. Аммо онҳо зимни таҷаммӯи худ мехоҳанд, то вазорати маорифи Тоҷикистон мусоидат кунад, ки онҳо дар ихтисосҳои худашон, аз ҷумла тиб, таҳсил кунанд.

Маҳмудхон Шоев, сухангӯи вазорати маорифи Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар ба мо гуфт, ин гурӯҳи ҷавононро, ки 10-15 нафаранд, Нуриддин Саидов, вазири маориф, ба ҳузур пазируфта ва масъаларо барояшон шарҳ додааст.

Ба қавли Маҳмудхон Шоев, вазорати маорифи Тоҷикистон бо он ки довталабонро ба таҳсил фирстодааст, ҳаққи дахолат ба умури маорифи Қазоқистонро надорад. "Донишгоҳҳои Қазоқистон худашон тасмим мегиранд, на мо",-афзуд мусоҳиби мо.

Ҳамзамон сухангӯи вазорати маорифи Тоҷикистон ин хабарро, ки гӯиё ҷавонони довталаб дар назди бинои вазорат санг партофтаву шиор додаанд, рад кард.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi