ҲАМЛАИ МИЛЛАТГАРОЁНИ РУС БА ҲУНАРПЕШАИ ТОҶИК
Дар роҳи зеризаминӣ ё метрои шаҳри Маскав чанд нафар миллатгароёни рус ба Абдул Бекмаҳмадов, ҳунарпешаи тоҷик ҳамла кардаанд. Дар солҳои ахир оқои Бекмаҳмадов дар тиётри “Театра.doc”-и шаҳри Маскав фаъолият мекунад.
Михаил Угаров, коргардони ин тиётр ба хабаргузории “Интерфакс”-и Русия гуфтааст, Абдул Бекмаҳмадов ба далели ғайрирус будан аз ҷониби гурӯҳи тоссарҳо ё скинҳедҳои рус дар истгоҳи Перовои метро мавриди лату кӯб қарор гирифтааст.
Гуфта мешавад, оқои Бекмаҳмадов аз қисмати сар ва бадан 6 захм бардошта ва дар бемористон мудово шудааст. Оқои Угаров гуфтааст, феълан вазъи сиҳатии оқои Бекмаҳмадов беҳбуд ёфта ва ӯ бо сари захмбандишуда дар намоишномаи “Акин-опера” ширкат кардааст.
Зимнан, тибқи иттилоъи сойти “tajmigrant.com” шаби чоршанбеи 14 ноябр, ҷасади Адҳамшо Шарифов, муҳоҷири кории тоҷик, тавассути ҳавопаймо аз шаҳри Маскав ба Душанбе мунтақил шудааст.
Адҳамшо Шарифови 24-сола, сокини ноҳияи Панҷи вилояти Хатлони Тоҷикистон дар хиёбони Заревои Маскав аз ҷониби афроди номаълум кушта шудааст.
Би-Би-Си