11:43:46 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ДАР ТАЗОҲУРОТИ ЗИНДОНИЁНИ КОПЕЙСК 8 ПУЛИС ЗАХМӢ ШУД

Ба камияш ҳашт корманди нерӯҳои вижаи пулиси Русия ё ОМОН дар ҷараёни фурӯ нишондани тазоҳуроти эътирозии маҳбусон дар зиндони Копейски Русия захмӣ шудаанд. Дафтари матбуоти пулиси ин минтақаи Русия гуфтааст, 250 зиндонӣ шаби шанбе тавонистанд ба боми чанд бинои зиндон баромада, аз мақомот раҳоии гурӯҳи зиндониёнеро талаб кунанд, ки дар бинои махсуси шиканҷа нигаҳдорӣ мешаванд.

/images/stories/2012/11/26_turma-261112.jpgБа тасдиқи мақомот, дар атрофи деворҳои зиндон тақрибан 300 хешованди зиндониён ва маҳбусони собиқ ҷамъ шуда, ба тазоҳуркунандагон пайвастаанд. Баъзе аз тазоҳуркунандагони беруни зиндон фарёд задаву пулисро дашном додаанд ва бутилкаҳои шишаиро ба сӯи кормандони пулис партофтаанд. Пулис барои пароканда кардани тазоҳуроти эътирозӣ омада буд.

Пулис 38 нафарро дар беруни зиндон боздошт кард ва гуфт, аксари ононе, ки боздошт шуданд, маст будаанд. Оксана Труфанова, як фаъоли ҳуқуқи башар, ба радиои Эхо Москви гуфтааст, кормандони ОМОН ба одамоне, ки дар беруни зиндон буданд, ҳамла кардаанд. Ба қавли ӯ, “онҳо моро бо чӯбдастҳо мезаданд, чашмони онҳо медурахшид, ман ҳеҷ гоҳ чунин зарбаҳои ҷонкоҳро надида будам.”

Аммо дар дафтари пулиси минтақа гуфтанд, кормандони ОМОН касеро назадаанд. Бино ба гузоришҳои баъдӣ, ҳудуди 250 корманди ОМОН дар атрофи зиндон боқӣ монда ва вазъ ҳам дар дохил ва ҳам дар беруни зиндон зери контрол даромадааст. Созмонҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, ба онҳо дар бораи шиканҷа дар зиндон гузоришҳо расидааст.

Лев Пономарёв, раиси “Ҷунбиши ҳуқуқи башар”-и Русия, мегӯяд, додситонҳои маҳаллӣ ба шикояти зиндониён дар бораи шиканҷа дар зиндони Копейск таваҷҷуҳе накардаанд ва минтақаи Челябинск яке аз ҷойҳои шиканҷа боқӣ мемонад. Пономарёв мегӯяд, дар соли 2008 дар зиндони Копейск 4 зиндонӣ аз шиканҷа ҷон додаанд. Ҳоло дар зиндонҳои Русия 700 ҳазор зиндонӣ нигаҳдорӣ мешавад.

Баъд аз марги Сергей Магнитский, вакили мудофеъ дар зиндони Маскав, таваҷҷуҳи маҳофили байналмилалӣ ба зиндонҳои Русия бештар шудааст. Бисёриҳо мегӯянд, Магнитский дар натиҷаи шиканҷа дар зиндон ҷон додааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi