15:19:08 16-уми Июни 2025 сол

ЛАТТУ КӮБИ МУОВИНИ ИМОМХАТИБ. БАҲОНА - МАСҶИД Ё?

Ноиби имомхатиби масҷиди Эсизи Кӯҳистони Масчо мегӯяд, аз тарафи як гурӯҳ ҷавонон мавриди латту кӯб қарор гирифтааст.

/images/stories/2012/12/27_namaz-271212.jpgУсмонбек Бобоҷонов, ноиби имомхатиби масҷиди Эсизи поёни ноҳияи Кӯҳистони Масчо, аз тарафи як гурӯҳ ҷавонони ин деҳа мавриди латту кӯб қарор гирифтааст. Ӯ ҳоло дар бемористони вилоятӣ дар шаҳри Хуҷанд бистарист ва мегӯяд, ба ин ҷо бо тавсияи маъмурони пулис ва амниятӣ омадааст.

Баҳодур Идиев, муовини сардори Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Кӯҳистони Масчо, дар суҳбат бо мо ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ин ҳодиса рӯзи 22-юми декабр рух додааст. Ба қавли Идиев, гурӯҳи ҷавонони деҳа, ки шомили Кумитаи маҳалла (созмони мустақили тозатаъсис дар деҳа) мебошанд, даъво кардаанд, ки бидуни машварат бо онҳо дар деҳаи Эсизи поён масҷид бунёд нагардад. "Аз сабаби он ки бунёди масҷид бидуни машварат бо онҳо оғоз шудааст, хашми ҷавонон омадааст",-гуфт ӯ.

Ҳусейн Ҳусейнов, раиси Кумитаи маҳалла, ки ду сол боз дар деҳаи Эсизи поён фаъолият мекардааст, дар суҳбат бо кормандони мақомот гуфта, ки ҷавонон худсарона амал намудаанд ва бояд мувофиқи кори худ ҷазо гиранд.

Бо ин ҳол, Баҳодур Идиев, муовини сардори Шӯъбаи умури дохилии Кӯҳистони Масчо бовар дорад, асли ҳодиса хусумати гурӯҳист, ки тайи чанд соли ахир дар як деҳаи кӯчак густариш ёфта, бо латту кӯби ноиби имом-хатиб анҷомидааст. Ӯ илова кард, мақомот ва пиронсолони деҳа талош доранд, сабабҳои аслии рух додани ин воқеаро рӯшан кунанд ва барои дубора сар назадани он чораҷӯӣ намоянд.

Ҳоло ба қавли Баҳодур Идиев, сохтмони масҷиди нав идома дорад ва мардуми деҳа бо ҳашар ва имконоти худ онро бунёд мекунанд. Деҳаи Эсизи поён дар Кӯҳистони Масчо аз рустоҳои кӯчак ба шумор рафта, дар он ҳудуди 800 нафар зиндагӣ мекунанд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854