АСАД: "БО ДАСТНИШОНДАҲОИ ҒАРБ МУЗОКИРА НАМЕКУНЕМ"
Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия рӯзи якшанбе дар нахустин суханронии худ тайи чанд моҳи гузашта гуфт, бо мухолифон, ки аз хориҷ дастур мегиранд, вориди музокира нахоҳад шуд.
Башор Асад, ки дар толори Операи Димишқ суханронӣ мекард, гуфт, "мо ҳеҷ роҳи ҳалли дипломатиро рад накардем. Мо бо музокира мувофиқ будем ва аз роҳи ҳалли дипломатӣ истиқбол кардем. Аммо бо чӣ касоне мехоҳем вориди музокира шавем? Бо ифротгароёне, ки ба ҷуз терроризм ва хунрезӣ чизи дигаре намефаҳманд?”
Вай афзуд, ки бо «арӯсак»-ҳои Ғарб ва афроде, ки аз хориҷи кишвар дастур мегиранд, вориди музокира нахоҳад шуд. Оқои Асад афзуд, дасташро барои музокира бо афроде дароз мекунад, ки пойбанди усули «ватандӯстӣ» ҳастанд ва «ватанфурӯш» нестанд. Вай бо ишора ба набуди амният ва субот дар Сурия гуфт, «Сурия барои ҳамаи мо аст ва ҳамаи мо бояд аз он ҳифозат кунем.»
Башор Асад бори дигар мухолифини мусаллаҳро дар терроризм ва ҳамлаҳо ба шаҳрҳои Сурия айбдор намуд. “Ин душманон изҳор мекунанд, ки барои инқилоб меҷанганд, вале амали онҳо умумияте бо инқилоб надорад”, гуфт ӯ.
Сарвари Сурия пешниҳод кард, ки конфаронс оид ба мусолиҳаи миллӣ даъват шавад ва ҳамчунин тарҳи нави Қонуни асосӣ таҳия гардад. Аммо ӯ ҳама гуна гуфтушунид бо мухолифини мусаллаҳро рад кард ва гуфт, ки пешниҳодаш дар ҳоле метавонад амалӣ шавад, ки кишварҳои ғарбӣ ва минтақа сармоягузории ин "гурӯҳҳои ҷинояткор"-ро қатъ кунанд.
Хабаргузориҳо пештар ҳадс мезаданд, ки Башор Асад дар суханронии худ ба мавзӯи ҳалли бӯҳрон дар Сурия ва оташбас миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифини мусаллаҳ бо миёнҷигарии СММ тамаркуз мекунад.
Башор Асад охирин бор моҳи ноябри соли 2012 бо телевизиони Русия гуфтугӯ ва таъкид карда буд, ки дар Сурия мемонад ва то замони марг барои кишвараш меҷангад.
Бӯҳрони Сурия ва шӯришҳои мардумӣ дар ин кишвар наздик ба ду сол аст, ки идома дорад ва тибқи охирин гузоришҳои СММ, ки ҳафтаи гузашта нашр шуд, дар даргириҳои ин кишвар беш аз 60 ҳазор нафар кушта шудаанд. Ҷанги дохилии Сурия ҳамчунин беш аз ним миллион нафар овора ба ҷой гузоштааст.
«Озодӣ»